ҶДММ ТАҚҲ “Пайванд Гуруҳ” барои ишғоли вазифаи МУТАХАССИСИ ИДОРАКУНИИ ХАВФҲО довталабонро ба кор даъват менамояд.
Вазифаҳо
Муайянкунӣ, арзёбӣ, мониторинг ва кам кардани хавфҳо аз рӯи профили самт (хавфи қарзӣ, бозорӣ, амалиётӣ — самти мушаххас вобаста ба таҷрибаи номзад аз рӯи натиҷаҳои мусоҳиба муайян карда мешавад).
Таҳия ва такмили методикаҳои арзёбии хавф, лимитҳо ва нишондиҳандаҳои вокуниши саривақтӣ аз рӯи самти худ.
Иштирок дар санҷиши стресс (stress-testing) ва таҳлили сенариявӣ, арзёбии устувории ташкилот ба зарбаҳои манфии макроиқтисодӣ, асъорӣ ва амалиётӣ.
Назорати риояи лимитҳои иштиҳои хавф (risk-appetite), ки бо Сиёсатҳои профилӣ ва Изҳорот оид ба майл ба хавфи ташкилот муқаррар шудаанд; ошкор ва эскалацияи вайронкунии лимитҳо ва носозгориҳои тартиботи назоратӣ.
Таҳияи ҳисоботи танзимкунанда ва идоракунӣ оид ба хавфҳо (аз ҷумла аз рӯи шаклҳои БМТ), ёддоштҳои таҳлилӣ ва хулосаҳо барои Раёсат, Кумитаи идоракунии хавфҳо ва Шӯрои нозирон.
Иштирок дар таҳия ва бознигарии ҳуҷҷатҳои меъёрии дохилӣ (сиёсатҳо, тартибот, методикаҳо) оид ба идоракунии хавфҳо.
Ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута (қарзӣ, молиявӣ, ҳуқуқӣ, хадамоти аудити дохилӣ) дар доираи методологияи се хати ҳимоя.
Назорати ташаккули захираҳо барои талафоти эҳтимолӣ аз рӯи дороиҳо мувофиқи талаботи БМТ ва равишҳои ПУМС 9 (IFRS 9) (зарарҳои интизоршудаи қарзӣ, тақсимкунии портфел ба марҳилаҳо).
Талабот ба номзад
Таҳсилоти олӣ — иқтисодиёт, молия, кори бонкӣ, математикаи амалӣ ё ихтисосҳои марбута.
Таҷрибаи корӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳо, назорати дохилӣ, аудит ё таҳлилгарӣ дар бонк / ташкилоти маблағгузории хурд — на камтар аз 1–3 сол, аз ҷумла таҷрибаи мустақилона таҳия кардани хулосаҳои таҳлилӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти коллегиалӣ.
Дониши мукаммали базаи меъёрии БМТ дар соҳаи танзими пруденсионалӣ, کفایتи сармоя (кифоятии сармоя), мавқеи асъорӣ, захирагузорӣ ва идоракунии хавфи амалиётӣ.
Фаҳмиши принсипҳои стандартҳои Базел (Basel II/III, RWA, LCR/NSFR, ВПОДК/ICAAP) ва стандарти ПУМС 9 (IFRS 9) оид ба зарарҳои интизоршудаи қарзӣ (ECL).
Донистани методологияи ERM/COSO ва принсипи се хати ҳимоя.
Маҳорати хуби таҳлили молиявӣ ва моделсозӣ, донистани хуби барномаи Excel; таҷрибаи кор бо ҳисоботи танзимкунанда ва ҳисоботи молиявии ташкилот афзалият хоҳад дод.
Маҳорати таҳияи хулосаҳои сохторбандишудаи таҳлилӣ ва пешниҳоди натиҷаҳо ба роҳбарият.
Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ; донистани забони англисӣ афзалият аст.
Тарзи тафаккури таҳлилӣ, диққат ба ҷузъиёт, мустақилияти кор, сатҳи баланди масъулиятшиносӣ ва виҷдони касбӣ.
Шартҳо:
• Хафтаи кории панҷруза: Душанбе-Ҷумъа
• Музди меҳнати хуби шартномавӣ
• Бақайдгирии расмӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хоҳишмандон метавонан Резюмеи худро ба почтаи электронии ташкилот info@payvand.tj то санаи 30.11.с2026 ирсол намоянд.
Довталабоне ба озмун даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои тахассусии дар боло муқарраршуд ҷавобгу ҳастанд.