Ба диққати Шумо маҷмӯае пешниҳод мекунем, ки ҳангоми паст будани мавҷи алоқаи мобилӣ, ва хомӯш шудани барқ, шуморо аз бе алоқа мондан наҷот медиҳад.
Маҷмӯа аз мавҷгири (антеннаи) пурқуввати беруна бо дастгирии 3G/4G/5G MIMO (то 17 дБ), ки мавҷҳоро қабул мекунад, ва роутери сафеди чор-антеннагӣ, ки сигналро тавассути Wi-Fi дар дохили ҳуҷраҳо паҳн мекунад, иборат аст. Дар маҷмӯа роутер аз бренди «VEMO» пешниҳод мегардад, ки дорои батареяи пуриқтидори 4500 мА·соат мебошад ва ҳангоми хомуш шудани барқ имконияти то 10 соат истифода бурдани интернет медиҳад. Инчунин кабелҳои лозима (дарозиашон 20 метр) барои васлкунии антенна бо роутер, ба он дохил карда шудаанд.