ҶСК «ТоҷикСГЭМ» барои ба кор қабул намудани ронандаи манипулятор даъват менамояд.
Ҷойи кор: шаҳри Душанбе
Дар бораи ширкат
ҶСК «ТоҷикСГЭМ» яке аз ширкатҳои пешбари муҳандисӣ ва сохтмонӣ буда, дар соҳаи сохтмон, васлу насб ва ба истифода додани нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва иншооти бузурги инфрасохторӣ фаъолият мекунад.
Ӯҳдадориҳо:
Идора кардани манипулятор;
Иҷрои корҳои боркунӣ ва борфарорӣ;
Интиқоли масолеҳи сохтмонӣ, таҷҳизот ва дигар борҳо;
Идора кардани таҷҳизоти борбардори манипулятор;
Назорат кардани дуруст ҷойгиркунӣ ва мустаҳкам намудани бор;
Риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва техникаи бехатарӣ;
Назорат кардани ҳолати техникии нақлиёт ва таҷҳизот;
Сари вақт хабар додан дар бораи нуқсонҳои техникӣ.
Талабот:
Доштани шаҳодатномаи ронандагии категорияи мувофиқ;
Таҷрибаи корӣ ҳамчун ронандаи манипулятор;
Малакаи идора кардани таҷҳизоти борбардор;
Донистани қоидаҳои бехатарии боркунӣ ва борфарорӣ;
Масъулиятшиносӣ, бодиққатӣ ва интизомнокӣ;
Муносибати эҳтиёткорона ба техника.
Шартҳои кор:
Ба расмият даровардани шартномаи меҳнатӣ;
Ҷойи кор дар шаҳри Душанбе;
Таъмини хӯроки нисфирӯзӣ аз ҷониби ширкат;
Пардохти саривақтии музди меҳнат.
Барои муроҷиат:
Резюмеи худро ба почтаи электронӣ фиристед: marjona.asadova@tajiksgem.tj
WhatsApp / Telegram: +992 880 524 242