Ширкати «Дӯстӣ Фарма» барои минтақаи Рашт ба вазифаи НАМОЯНДАИ ФУРӮШ корманд ба кор даъват менамояд.
📍 Минтақаи фаъолият: водии Рашт
💼 ШАРОИТИ КОР ВА МУЗДИ МЕҲНАТ:
💰 Маоши асосии моҳона: 4 400 сомонӣ;
🍽 Маблағи иловагӣ барои хӯрок;
🚗 Ҷуброни хароҷоти роҳкиро;
📱 Маблағи иловагӣ барои алоқаи телефонӣ;
📈 Бонусҳои иловагӣ вобаста ба иҷро ва барзиёд иҷро намудани нақшаи фурӯш;
📅 Реҷаи корӣ: 6 рӯз дар як ҳафта;
🗓 1 рӯзи истироҳат дар як ҳафта;
🏖 Рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда тибқи тартиби муқарраргардида.
ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ:
Пешбурди фурӯши маҳсулоти дорувории ширкат дар минтақаи вобасташуда;
Ҷалби мизоҷони нав ва васеъ намудани шабакаи мизоҷон;
Ба роҳ мондани ҳамкории доимӣ бо дорухонаҳо;
Қабули фармоишҳо ва пешниҳоди маҳсулоти ширкат;
Иҷрои нақшаи муқарраршудаи фурӯш;
Назорати қарзҳои мизоҷон ва пардохтҳои саривақтӣ;
Пешниҳоди ҳисоботи мунтазам оид ба натиҷаҳои фаъолияти фурӯш.
ТАЛАБОТ БА НОМЗАД:
Малакаи хуби муошират ва гуфтушунид;
Масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ ва интизоми меҳнатӣ;
Қобилияти хуби кор бо мизоҷон;
Донистани минтақаи Рашт;
Дониши хуби математикӣ ва қобилияти ҳисоббаробаркунӣ;
Малакаи кор бо компютер;
Донистани барномаҳои 1С ,Microsoft ва Excel бартарӣ ба ҳисоб меравад;
Таҷрибаи корӣ дар соҳаи фурӯш бартарӣ дорад.
📞 Барои маълумоти бештар ва иштирок дар мусоҳиба ба шуъбаи кадрҳои ширкати «Дӯстӣ Фарма» муроҷиат намоед.
🎊 30 сол бо эътимод, сифат ва пешрафт!
«Дӯстӣ Фарма» — имконияти рушди касбӣ ва даромади бештар!