MUOSIR TECH — мағозаи фурӯши компютерҳо, ноутбукҳо, телефонҳои мобилӣ, камераҳои назоратӣ ва офтобӣ ва принтерҳо барои рушди фаъолияти онлайн корманди фаъол, эҷодкор ва масъулиятшиносро ба кор даъват мекунад.
Вазифаҳои асосӣ:
- Сабти видеоҳои рекламавӣ ва муаррифии маҳсулот.
- Монтаж ва таҳрири видеоҳо бо CapCut.
- Пешбурди саҳифаҳои Instagram ва TikTok.
- Омода ва нашр кардани Reels, TikTok ва Stories.
- Сохтани контенти ҷолиб барои ҷалби мизоҷон.
- Ҷавоб додан ба муроҷиатҳои мизоҷон дар Direct ва WhatsApp.
- Машварат додан ва фурӯши маҳсулот ба таври онлайн.
- Истифодаи ChatGPT ва дигар воситаҳои зеҳни сунъӣ (AI) барои сохтани контент, сенария ва реклама.
Талабот ба номзад:
- Донистани Instagram ва TikTok.
- Малакаи сабти видео бо телефон.
- Донистани CapCut ва Canva.
- Истифода бурда тавонистани ChatGPT ва AI.
- Қобилияти муоширати хуб бо мизоҷон.
- Эҷодкорӣ, фаъолӣ ва масъулиятшиносӣ.
- Хоҳиши омӯзиши маҳсулоти техникӣ ва рушди касбӣ.
- Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
Шартҳои кор:
- Ҷойи кор: ё дар мағозаи MUOSIR TECH ё дар хона;
- Реҷаи кор: пурравақт ва озод;
- Маош: мувофиқа мекунем
- Маоши асосӣ + бонус аз натиҷаи фурӯш.
- Муҳити хуби корӣ ва имконияти рушди касбӣ.
Мо шахсеро меҷӯем, ки на танҳо видео гузорад, балки тавонад тавассути интернет барои MUOSIR TECH мизоҷ пайдо кунад ва фурӯшро зиёд намояд!