Лоиҳакашии бино ва иншоотҳо аз идея то лоиҳаи корӣ
Шумо қитъаи замин доред ва мехоҳед дар он хонаи истиқоматӣ, бинои бисёрошёна, мағоза, маркази тиҷоратӣ, меҳмонхона, тарабхона, боғчаи кӯдакон, анбор ё дигар иншоот бунёд намоед?
Мо ба шумо дар таҳияи лоиҳаи мукаммали бино — аз ғояи аввалин то нақшаҳои корӣ ва ҳуҷҷатҳои муҳандисӣ — кумак мерасонем.
Хизматрасониҳои мо:
1. Лоиҳаи ангоравӣ (эскизный проект)
Омӯзиши қитъаи замин ва ҷойгиркунии бино.
Таҳияи нақшаи генералии қитъа дар доираи супориши лоиҳакашӣ.
Нақшаи ошёнаҳо, фасадҳо ва буришҳои бино.
Таҳияи намуди берунии бино.
Визуализатсияи 3D барои тасаввур намудани намуди ояндаи сохтмон.
2. Лоиҳаи корӣ (рабочий проект)
Таҳияи маҷмӯи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ аз рӯйи қисмҳои зарурӣ:
АР — ҳалли меъморӣ.
КЖ — конструксияҳои оҳану бетонӣ.
ОВ — гармидиҳӣ, вентилятсия ва ҳавотозакунӣ.
ВК — обтаъминкунӣ ва канализатсия.
ЭОМ — таҷҳизоти барқӣ ва рӯшноӣ.
СС — шабакаҳои алоқа, интернет ва видеоназорат.
ПС — системаҳои сигнализатсияи сӯхтор.
Таркиби ниҳоии лоиҳа аз таъинот ва талаботи техникии объект вобаста мебошад.
4. Ҳуҷҷатҳо барои сохтмон
Нақшаҳо ва чертёжҳои корӣ.
Спецификатсияи таҷҳизот ва масолеҳ.
Ведомости ҳаҷми корҳои сохтмонӣ.
Ҳамоҳангсозии қарорҳои меъморӣ, конструктивӣ ва муҳандисӣ.
Чаро лоиҳаи мукаммал муҳим аст?
Лоиҳаи дуруст таҳияшуда имкон медиҳад, ки қабл аз оғози сохтмон ҷойгиршавии ҳуҷраҳо, конструксияҳо, шабакаҳои муҳандисӣ ва ҳаҷми асосии масолеҳ муайян карда шаванд. Ин ба кам кардани хатогиҳо, тағйироти нолозим ва хароҷоти пешбининашуда мусоидат мекунад.
Тартиби ҳамкорӣ:
Шумо маълумоти қитъаи замин, андозаҳо, шумораи ошёнаҳо ва хоҳишҳои худро пешниҳод мекунед. Мо ҳаҷми кор, таркиби лоиҳа, нарх ва муҳлати иҷрои онро муайян намуда, пешниҳод омода мекунем.
Лоиҳа бо назардошти меъёру қоидаҳои амалкунандаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегардад. Барориши расмии ҳуҷҷатҳои лоиҳавие, ки иҷозатнома талаб мекунанд, бо иштироки ташкилоти дорои иҷозатномаи дахлдор анҷом дода мешавад.
Барои гирифтани машварат ва пешниҳоди нарх ба мо тавассути чати Somon.tj ва WhatsApp