ВАКАНСИЯ: SMM-МУТАХАССИС / CONTENT CREATOR
Ҷойи кор: Ҳисор
Ширкат: Маркази савдо ва хизматрасонии «АЛМОСӢ»
Ба дастаи худ мутахассиси эҷодкору касбӣ меҷӯем, ки бо технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ (AI) кор карда тавонад ва барои шабакаҳои иҷтимоӣ контенти босифату ҷолиб истеҳсол намояд.
Талабот ба номзад:
1. Донистани касбии SMM ва идоракунии шабакаҳои иҷтимоӣ (Instagram, TikTok ва ғайра).
2. Қобилияти истифодаи зеҳни сунъӣ (AI) барои эҷоди контент, тасвир, видео ва идеяҳои маркетингӣ.
3. Қобилияти касбии видеосъёмка бо камера ё смартфони касбӣ.
4. Маҳорати баланди монтажи видео (Video Editing).
5. Қобилияти таҳияи Reels, Stories ва видеороликҳои рекламавӣ.
6. Донистани барномаҳои касбии монтаж ва коркарди тасвир.
7. Эҷодкорӣ, завқи баланди визуалӣ ва пешниҳоди идеяҳои нав.
8. Масъулиятшиносӣ ва риояи муҳлатҳои иҷрои кор.
Вазифаҳо:
- Банақшагирӣ ва истеҳсоли контенти ҳаррӯза.
- Съёмка ва монтажи видеоҳои рекламавӣ.
- Таҳияи Reels-и ҷолиб ва ҷалбкунанда.
- Истифодаи AI барои тезонидан ва беҳтар кардани раванди истеҳсоли контент.
- Таҳияи идеяҳо ва сенарияҳои рекламавӣ.
- Пешбурди саҳифаҳои иҷтимоии ширкат ва самтҳои тиҷоратии он.
- Таҳлил ва беҳтар намудани натиҷаҳои контент.
Шартҳои иловагӣ:
- Доштани портфолио (намунаи корҳои қаблӣ) ҳатмист.
- Таҷрибаи корӣ бартарӣ дорад.
- Қобилияти мустақилона иҷро кардани тамоми марҳилаҳои истеҳсоли контент муҳим аст.
Маош: Мувофиқи сатҳи касбият ва таҷрибаи корӣ, бо баррасии натиҷаҳо.
Барои муроҷиат:
CV ва портфолиои худро пешниҳод намоед. 888 85 88 22 ватсап ва телеграм