Сармуҳосиби Ташкилот бояд:
- дорои таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ буда, аз рӯи ихтисос дар низоми бонкӣ собиқаи кории на камтар аз ду сол дошта бошанд;
- танҳо дар ҳамин ташкилоти амонатии қарзии хурд пурра ва дар як вазифа кор кунанд;
- аз рӯи ҷиноятҳои иқтисодӣ ва хусусияти коррупсионидошта доғи судӣ надошта бошанд;
- дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ кунанд.
Уҳдадориҳои вазифавӣ:
- назорати фаврӣ ва тасдиқи маълумотҳои воридшаванда ба барномаи АБС бо мақсади дуруст бурдани баҳисобгирии идоракунӣ ва иҷро кардани функсияи ёрирасон нисбат ба ФРОНТ – офис ва муҳосиботи Саридора;
-назорати бурдани баҳисобгирии ӯҳдадориҳои Ташкилот дар назди андоз;
- назорати дуруст бурдани сиёсати баҳисобгириро мувофиқи қонунгузорӣ дар бораи баҳисобгирии муҳосибавӣ, Кодекси андоз ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои байналхалқии баҳисобгирии муҳосибавӣ, Дастурамалҳо, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии низоми дохилии аз тарафи Ташкилот барои таъмини устувории молиявии Ташкилот таҳия карда шуда, ташаккул медиҳад;
- назорати баҳисоб гирифтани хароҷоти ташкилот, иҷроиши сметаи хароҷот, маълумоти пурра ва дурусти муҳосибавиро дар бораи фаъолияти Ташкилот ва натишаҳои молиявӣ-хоҷагидорӣ ташаккул дода, саривақт пешниҳод менамояд, интизоми бастиро қатъиян риоя мекунад;
- назоати риояи қоидаҳои амалкунанда оид ба гузаронидани барӯйхатгирии арзишҳои молию моддӣ, воситаҳои асосӣ, ҳисоббаробаркуниҳо ва ӯҳдадориҳои пардохтиро таъмин менамояд;
- назорати баҳисобгирӣ ва ҳисобкунии лозимӣ аз рӯи пардохтҳо, ки ба манфиати кормандони ташкилот ва кормандони ғайрибастӣ иҷро карда мешавад, таъмин менамояд;
- назорати баҳисбогирии истеҳлоки ҳисобкардашудаи воситаҳои асосӣ, ки дар тавозуни Ташкилот;
- таҳия кардани шакли ҳуҷҷатҳои ҳисоботи муҳосибавии дохилӣ, барои ба тартиб даровардани барои амалиётҳое, ки дар Саридора гузаронида мешаванд ва барои онҳо намунаи шакли ҳуҷҷат мавҷуд нест;
- назорати гузаронидани андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллиро мувофиқи меъёр ва мӯҳлатҳои муқарраршуда ҳисоб карда ба буҷети давлатӣ;
- назорати дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод намудани декларатсияи андоз, ҳисобот ва ҳуҷҷатҳои дигарро тартиб дода ба идораҳои омории андоз ва фонди ҳифзи иҷтимоӣ;
- назорат аз рӯи пешгирии камомад, хароҷоти ғайримақсадноки пули нақд ва арзишҳои молию моддӣ, инчунин қонунӣвайронкуниҳо чораҳои зарурӣ меандешад, қонунияти аз тавозун хориҷ кардани камомад, қарзҳои дебиторӣ ва талафоти дигар;
- назорати баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботҳои дар асоси истифодаи воситаҳои техникии муосир ва технологияи иттилоотӣ, тарз ва усулҳои пешрафтаи баҳисобгирӣ;
- таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои барои устуворгардонии интизоми молиявӣ равона кардашуда;
- назорати қоидаҳои нигаҳдории ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ, тартиби ташаккул додани он ва мувофиқи тартиби муқарраршуда ба бойгонӣ супоридани ҳуҷҷатҳо;
- дар таҳияи лоиҳаи низомномаҳо, қоидаҳо, дигар санадҳои меъёрӣ вобаста ба фаъолияти идоракунӣ, иштирок мекунад;
- буҷети Ташкилотро дар якҷоягӣ бо сардорони воҳидҳои сохторӣ таҳия намуда дар якҷоягӣ бо роҳабрияти Ташкилот барои тасдиқ ба Шурои нозирон пешниҳод менамояд;
- иҷрои буҷети Ташкилотро назорат мнамуда ҳар семоҳа ба Шурои нозирон ҳисобот пешниҳод мекунад;
Анкетаи худро метавонед ба почтаи электронии info@sm.tj ё ба Телеграмми +992 75 483 02 02 то санаи 30.11.2026 ирсол намоед