МУТАХАССИСИ СОҲАИ ЭЛЕКТРИКи
Таҷрибаи корӣ: 7 сол дар Федератсияи Россия
МАЪЛУМОТИ КАСБӢ
электрики дорои 7 соли таҷрибаи корӣ дар соҳаи корҳои барқӣ дар Федератсияи Россия мебошам. Дар иҷрои корҳои электрикии дохили хона таҷрибаи хуб дошта, тамоми корҳоро бо масъулияти баланд, дақиқӣ ва сифати аъло анҷом медиҳам.
Ҳадафи ман иҷрои босифати корҳои барқӣ, риояи қоидаҳои бехатарӣ ва қонеъ гардонидани талаботи корфармо мебошад.
ТАҶРИБАИ КОРӢ
Электрик — Федератсияи Россия
Давомнокии таҷриба: 7 сол
Вазифаҳо ва малакаҳои касбӣ:
- Насб ва васлкунии ноқилҳои барқӣ дар дохили хона.
- Гузаронидани симҳои барқӣ дар девор ва шифт.
- Насби розеткаҳо ва калидҳои барқӣ.
- Насб ва васлкунии чароғҳо ва таҷҳизоти равшанидиҳӣ.
- Ҷамъоварӣ ва васлкунии щитҳои барқӣ.
- Насби автоматҳои муҳофизатӣ.
- Ҷустуҷӯ ва бартараф намудани нуқсонҳои шабакаи барқӣ.
- Хондан ва иҷрои нақшаҳои одии электрикӣ.
- Риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ.
МАЛАКАҲОИ ШАХСӢ
- Масъулиятшинос ва меҳнатдӯст.
- Бодиққат ва дақиқкор.
- Қобилияти кор дар гурӯҳ ва мустақилона.
- Омодагӣ ба омӯзиши технологияҳои нав.
- Иҷрои кор бо сифати баланд.