📢 ВАКАНСИЯ — ФИНАНСИСТ / САРМУҲОСИБ
Ширкати SHISHA TJ ба кор мутахассиси ботаҷриба ва масъули соҳаи молия ва муҳосибиро даъват менамояд.
📌 ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ
1. Барномаи 1С — ба роҳ мондани системаи ҳисобдорӣ ва ворид намудани тамоми маълумоти молиявӣ ба барнома.
2. Назорати касса — назорати ҳаррӯзаи даромад, хароҷот, бақияи маблағҳо ва суратҳисобҳо.
3. Ҳисобу китоби кормандон — ҳисоб кардани маош, бонусҳо, авансҳо ва пардохтҳо.
4. Андоз ва муҳосибӣ — пешбурди ҳисобдории андоз ва пешниҳоди ҳисоботҳои ҳатмӣ.
5. Харид ва анбор — назорати харидҳо, маҳсулот, таъминкунандагон ва ҳисобу китоб бо онҳо.
6. Қарздорӣ — назорати қарзҳои мизоҷон ва ӯҳдадориҳои ширкат.
7. Ҳисоботи молиявӣ — таҳияи ҳисоботи ҳарҳафтаина ва моҳона оид ба даромад, хароҷот ва фоида.
8. Назорати молиявӣ — санҷиши ҳисобу китобҳо дар гурӯҳҳои корӣ ва мувофиқати онҳо бо 1С.
🎯 ТАЛАБОТ БА НОМЗАД
* Таҷрибаи корӣ дар соҳаи молия ва муҳосибӣ — на камтар аз 3 сол.
* Донистани 1С: Торговля ҳатмист.
* Дониши хуби Excel ва қонунгузории андоз.
* Қобилияти ба низом даровардани ҳисобдории ширкат.
* Ростқавлӣ, масъулиятшиносӣ ва дақиқкорӣ.
🏢 ШАРОИТИ КОРӢ
📍 Ҷойи кор: шаҳри Душанбе — SHISHA TJ
🕣 Соати корӣ: 08:30–17:30
💰 Маош: мувофиқи таҷриба ва натиҷаи суҳбат
📈 Имконияти рушди касбӣ
📞 Тамос: 985846184
SHISHA TJ — ба дастаи мо мутахассисе лозим аст, ки низоми молиявии ширкатро дуруст ба роҳ монда, назорати пурраи ҳисобу китобро таъмин намояд.