🏦 ҶДММ ТАҚХ «АЗИЗӢ-МОЛИЯ» барои ишғоли вазифаи зерин озмун эълон менамояд:
💼 МАЪМУРИ ҚАРЗӢ
📌 Талабот ба номзад:
Маълумоти олӣ (иқтисодӣ, молиявӣ ё бонкӣ);
Малакаи хуби муошират бо муштариён;
Масъулиятшиносӣ, ростқавлӣ ва кордонӣ;
Қобилияти кор бо компютер;
Таҷрибаи корӣ дар соҳаи қарздиҳӣ бартарӣ дорад.
📋 Уҳдадориҳои вазифавӣ:
Машваратдиҳӣ оид ба маҳсулоти қарзӣ;
Қабул ва баррасии дархостҳои қарзӣ;
Таҳлили вазъи молиявии муштариён;
Назорати саривақтии баргардонидани қарзҳо.
✅ Мо пешниҳод менамоем:
Ҷойи кори доимӣ;
Музди меҳнати рақобатпазир;
Муҳити кории дӯстона;
Имконияти рушди касбӣ ва мансабӣ.
📍 Ҷойи кор: шаҳри Хучанд
📞 Барои маълумоти бештар: 929091204
📩 Ирсоли резюме: vacancy@azizimoliya.tj
Ба дастаи ҶДММ ТАҚХ «Азизӣ-Молия» ҳамроҳ шавед ва ояндаи касбии худро бо мо созед!