ВАКАНСИЯ: МЕНЕҶЕРИ ФУРӮШ (ТАҚСИМУ ТАҚСИМОТИ ДОРУ)
Ба корхона барои минтақаҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ёвон корманд лозим аст.
Талабот :
- Синну сол: аз 19 то 30-сола.
- Собиқати ронандагӣ: на кам аз 1 сол.
- Собиқати корӣ: на кам аз 6 моҳ.
- Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ.
- Қобилияти хуби ҳисобу китоб.
- Чусту чолок, масъулиятшинос ва хушмуомила бо мизоҷон бошад.
- Амонат ва молу маблағи корхонаро эҳтиёткорона нигоҳ дорад.
Вазифаҳои асосӣ:
- Қабул кардани фармоишҳои доруворӣ аз мизоҷон.
- Расонидани дору ба мизоҷон.
- Қабул кардани маблағ аз рӯи борхат.
- Пешбурди ҳисобу китоб ва супоридани маблағҳои гирифташуда ба корхона.
- Нигоҳубини дурусти мол ва амволи корхона.
Шароити кор:
- 🚗 Мошин аз ҷониби корхона таъмин карда мешавад.
- ⛽ Хароҷоти роҳ аз ҳисоби корхона.
- 💰 Дар рафти кор бонус ва мукофотпулӣ дода мешавад.
- Муҳити кории хуб ва имконияти зиёд кардани даромад.
Ҷойи кор: ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ёвон.
📞 Телефон барои тамос: [+992 005555858 +992 888235353]
Агар шумо шахси фаъол, боэътимод ва масъулиятшинос бошед, ба мо ҳамроҳ шавед!