Ба мағозаи воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бозори Баракат корманд барои кор дар соҳаи савдо лозим аст.
Вазифаҳо:
- Хизматрасонӣ ба харидорон ва фурӯши мол.
- Аз анбор овардани молҳои тамомшуда.
- Ҷобаҷо ва ба тартиб даровардани молҳо дар мағоза.
- Ҳангоми фармоиш додани мизоҷон ҷамъ кардани молҳои фармоишшуда.
- Саҳар соати 07:30 кушодани мағоза.
- Бегоҳ соати 17:00 ҷамъ кардани молу ашё ва маҳкам кардани мағоза.
- Тозаю озода нигоҳ доштани ҷойи кор.
Талабот ба корманд:
- Синну сол: аз 18 то 40-сола.
- Ростқавл, масъулиятшинос ва боинтизом бошад.
- Фаъол, чаққон ва хушмуомила бошад.
- Ба тартибу тозагӣ аҳамият диҳад.
- Таҷрибаи корӣ дар соҳаи савдо бартарӣ дорад.
Маош: 3000 сомонӣ дар як моҳ.
Ҷойи кор: шаҳри Хуҷанд бозори Баракат
Шахсони хоҳишманд метавонанд барои маълумоти бештар тамос гиранд.