Ташкилоти амонатии қарзии хурди «ФУРУЗ» яке аз ташкилотҳои пешрафтаи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз соли 2006 инҷониб ташкилот ба рушди соҳибкории хурд ва миёна, инчунин ба баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ва хизматрасониҳои молиявӣ мусоидат менамояд.
Ташкилоти ТАКХ «Фуруз» барои ишғоли вазифаи холии Мутахассиси шуъбаи назорати дохила мутахассиси соҳибтахассус, дорои донишу малакаи зарурии касбӣ, масъулиятшинос ва ташаббускорро ба ҳамкорӣ даъват менамояд.
Талабот ба номзад:
- Маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё ҳуқуқӣ;
- Донистани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;
- Малакаи хуби кор бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Word ва Excel;
- Қобилияти таҳлил ва муқоисаи маълумот, санҷиши ҳуҷҷатҳо, муайян намудани номувофиқатӣ ва омода намудани маълумотҳо ва ҳисоботҳои хизматӣ;
- Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ. Донистани забони англисӣ бартарӣ хоҳад дошт;
- Таҷрибаи корӣ дар соҳаи молия, қарздиҳӣ, муҳосибот, аудит ё назорати дохилӣ бартарӣ дорад.
Ӯҳдадориҳои асосӣ:
- Назорати риояи қонунгузорӣ ва тартиботи дохилии ташкилот;
- Санҷиши ҳуҷҷатҳои дохилӣ (қарзӣ, амонатӣ, хазинавӣ) ва дигар ҳуҷҷатҳо дар доираи ваколатҳои додашуда;
- Муайян ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани камбудиҳо, хатогиҳо, номувофиқатӣ ва ҳолатҳои риоя нагардидани тартиботи муқарраршуда;
- Ҷамъоварӣ, таҳлил ва ҷамъбасти маълумот ва далелҳои тасдиқкунандаи натиҷаҳои санҷиш;
- Иштирок дар таҳияи санадҳои санҷишӣ, маълумотномаҳо, ҳисоботҳо ва лоиҳаи тавсияҳо оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда;
- Омодагӣ ба омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тартиботи дохилӣ.
Довталабон метавонанд Резюме (CV)-и худро ба суроғаи зерин ирсол намоянд: ш. Бохтар, куч. Айни 27 ё ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (номи вазифаро дар мавзӯи мактуб қайд намоед).
Телефон барои маълумот: 988-35-08-48.
Эзоҳ: Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯ мебошанд, ба суҳбат даъват карда мешаванд.