Ширкати «Азия Фарма» — ширкати фаъолияткунанда дар соҳаи таъминот ва паҳнкунии маҳсулоти доруворӣ мебошад. Бо мақсади васеъ намудани фаъолияти худ дар шаҳри Истаравшан, ширкат ба кор намояндаи фурӯш қабул менамояд.
🔹 Талабот ба номзад:
Таҷрибаи корӣ дар соҳаи фурӯш афзалият дорад;
Малакаи хуби муошират ва гуфтушунид;
Қобилияти ҷалби муштариёни нав ва нигоҳ доштани муштариёни мавҷуда;
Масъулиятшиносӣ, фаъолият ва ҳавасмандӣ ба натиҷа;
Қобилияти кор бо нақшаи фурӯш.
🔹 Вазифаҳои асосӣ:
Муаррифӣ ва фурӯши маҳсулоти ширкат;
Кор бо муштариёни мавҷуда ва ҷалби муштариёни нав;
Ташкили муносибатҳои дарозмуддат бо муштариён;
Иҷрои нақшаи фурӯши муқарраршуда;
Назорати фармоишҳо ва пайгирии пардохтҳо;
Пешниҳоди ҳисобот оид ба фаъолияти ҳаррӯза.
🔹 Мо пешниҳод менамоем:
💰 Маоши асосӣ — 5 500 сомонӣ;
🎯 Бонусҳои ҳармоҳа ва кварталӣ — вобаста ба иҷрои нақшаи фурӯши муқарраршуда;
📅 Реҷаи корӣ — 6 рӯзи корӣ, 1 рӯзи истироҳат;
📚 Барои номзадҳое, ки таҷрибаи корӣ надоранд, давраи 3-моҳаи таҷрибаомӯзӣ пешбинӣ шудааст;
📈 Имконияти рушди касбӣ ва пешрафти мансабӣ;
🤝 Муҳити кории хуб ва дастаи ҳамкор.
📍 Ҷойи кор: шаҳри Истаравшан
📩 Агар шумо фаъол, масъулиятшинос ва хоҳиши рушди касбӣ дошта бошед, ба дастаи «Азия Фарма» ҳамроҳ шавед!