Ширкати «Дӯсти Фарма» барои фаъолияти корӣ дар шаҳри Ваҳдат намояндаи фурӯшро ба кор даъват менамояд.
Вазифаҳо:
• пешбурди маҳсулоти ширкат дар дорухонаҳо;
• қабули фармоишҳо аз муштариён;
• ҷалби муштариёни нав ва нигоҳдории муносибат бо муштариёни мавҷуда;
• назорати мавҷудияти маҳсулот;
• иҷрои нақшаи фурӯш ва пешниҳоди ҳисобот.
Талабот:
• масъулиятшиносӣ ва фаъолиятнокӣ;
• малакаи хуби муошират;
• қобилияти кор бо нақша ва натиҷа;
• донистани шаҳри Ваҳдат ва дорухонаҳои он бартарӣ дорад;
• таҷрибаи корӣ дар соҳаи фурӯш бартарӣ мебошад.
Барои шахсони бе таҷрибаи корӣ:
Агар шумо таҷрибаи корӣ надошта бошед, имкони гузаштани 3 моҳи таҷрибаомӯзӣ дар анбори ширкат пешбинӣ шудааст. Дар ин давра шумо бо маҳсулот, системаи кории ширкат ва равандҳои фурӯш шинос шуда, барои фаъолияти минбаъда ҳамчун намояндаи фурӯш омодагӣ мегиред.
📍 Ҷойи кор: шаҳри Ваҳдат
💰 Маош: музди меҳнат + бонус аз рӯи натиҷаи фурӯш
📈 Имконияти рушди касбӣ ва зиёд шудани даромад вобаста ба натиҷаи кор.
«Дӯсти Фарма» — имконият барои оғоз ва рушди касб дар соҳаи фурӯш.