ҶСП «Бонки ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ба дастаи худ Сардори департаменти коркарди маҳсулоти рақамӣ ва дастгириро қабул менамояд.
👤 Талабот:
✅ Маълумоти олӣ (технологияи иттилоотӣ, иқтисод ё соҳаи бонкӣ);
✅ Таҷрибаи корӣ дар самти маҳсулоти рақамӣ, ИТ ё бонкдорӣ на камтар аз 5 сол;
✅ Таҷрибаи роҳбарии даста ва пешбурди лоиҳаҳо;
✅ Донистани усулҳои Agile ва Scrum;
✅ Фаҳмиши маҳсулот ва хизматрасониҳои бонкӣ, каналҳои рақамӣ;
✅ Малакаи таҳлилӣ ва кор бо нишондиҳандаҳо;
✅ Муоширатпазирӣ, масъулиятшиносӣ, малакаи кор дар даста;
✅ Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ; англисӣ — бартарӣ.
💼 Вазифаҳо:
Идоракунии департамент: муайян кардани ҳадафҳо, тақсими захираҳо ва назорати иҷрои вазифаҳо;
Татбиқ ва оптимизатсияи равандҳои таҳия, озмоиш, ҷойгиркунӣ ва дастгирӣ (Agile/Scrum);
Таъмини дастрасии 24/7 ва кори бефосилаи маҳсулоти рақамӣ;
Ҳамкорӣ бо воҳидҳои тиҷоратӣ барои ҳамоҳангсозии талабот ва афзалиятҳо;
Ҷалб, омӯзиш ва ҳавасмандкунии кормандони департамент;
Мониторинги тамоюлҳо дар бахши бонкӣ ва рақамикунонӣ;
Тайёр кардани ҳисобот оид ба натиҷаҳои кори департамент.
🎯 Мо пешниҳод менамоем:
✔️ Кори устувор;
✔️ Музди меҳнати рақобатпазир;
✔️ Омӯзиш ва рушди касбӣ;
✔️ Дастаи дӯстона.
📩 Резюмеро ба почтаи career@imon.tj бо зикри номи вазифа дар мавзӯи мактуб ирсол намоед.