Чӣ тавр ман забони англисиро дарс медиҳам? 🇬🇧
Дар дарсҳои ман забони англисӣ бо усули осон, фаҳмо ва шавқовар омӯзонида мешавад.
📚 Равиши дарс:
- Грамматика бо шарҳи одӣ ва мисолҳои равшан.
- Омӯзиши калимаҳои зарурӣ ва истифодаи онҳо дар ҷумла.
- Машқи Speaking барои озодтар гап задан.
- Dialogues ва саволу ҷавобҳо барои инкишофи нутқ.
- Reading, Listening ва Writing барои рушди ҳамаҷонибаи забон.
- Homework ва такрори мавзӯъҳои гузашта.
Ман кӯшиш мекунам, ки ҳар як донишҷӯ мавзӯъро на танҳо азёд кунад, балки фаҳмад ва дар гуфтугӯ истифода бурда тавонад.
✨ Дарсҳо бо диққат ба сатҳ, мақсад ва қобилияти ҳар як донишҷӯ гузаронида мешаванд.
🎓 Ҳадафи ман — кӯмак кардан ба донишҷӯён барои баланд бардоштани сатҳи англисӣ ва бо боварӣ истифода бурдани забон дар ҳаёти ҳаррӯза.