МУТАХАССИСИ ЭКСТРУДЕР ЛОЗИМ АСТ
Ба корхона барои истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ мутахассиси экструдер лозим аст.
Талабот:
• Таҷрибаи корӣ бо экструдери ғизоӣ ва ё аппарати монанд;
• Донистани тарзи танзим ва идоракунии экструдер;
• Қобилияти интихоби дурусти ҳарорат, фишор, суръати шнек ва дигар параметрҳои истеҳсолӣ;
• Донистани технологияи истеҳсоли снекҳо, чипсҳои экструзионӣ ва дигар маҳсулоти экструдшуда — бартарӣ дорад;
• Қобилияти муайян ва бартараф намудани нуқсонҳои истеҳсолӣ;
• Масъулиятнокӣ ва муносибати ҷиддӣ ба кор;
• Бо таҷрибаи амалӣ ва таҳсилоти махсус авлавият дода мешавад.
ВАЗИФАҲО:
• Танзим ва ба кор даровардани экструдер;
• Назорати доимии раванди экструзия;
• Танзими параметрҳо барои гирифтани маҳсулоти босифат;
• Назорати сифати маҳсулоти тайёр;
• Бартараф намудани мушкилоти техникии раванди экструзия;
• Нигоҳубини дуруст ва тозагии таҷҳизот.
ШАРОИТИ КОР:
Маош — музокирашаванда, вобаста ба таҷриба ва малакаи мутахассис.
Шароити хуби корӣ ва имконияти даромади баланд барои мутахассиси воқеан касбӣ.
Агар шумо мутахассиси экструдер ҳастед ва таҷрибаи воқеӣ доред ва Ё ШАВҚУ ХОҲИШИ ОМУЗИШ ДОРЕД ба мо нависед ё занг занед.
📍 Ҷойи кор: Душанбе, наздики Автовокзал