БАНК "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" Менеҷери тиҷоратро дар ноҳияи Ҷайҳун бар кор қабул мекунад.
Вазифаҳо:
— ҷалби мизоҷон ва иҷрои нақша оид ба додани қарзҳо ва сифати портфел;
— таҳлили ҳолати молиявии қарзгирандагон ва ҳимояи дархостҳо дар кумитаи қарзӣ;
— роҳбарӣ ба гурӯҳи мутахассисони кор бо тиҷорат;
— риояи сиёсати қарзии бонк ва талаботи Бонки миллии Тоҷикистон.
Талабот:
— маълумоти олӣ дар соҳаи молия, иқтисод ё кори бонкӣ;
— таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи қарздиҳӣ, аз ҷумла дар вазифаи роҳбарикунанда;
— малакаи таҳлили қарзӣ ва арзёбии тиҷорати мизоҷ;
— донистани хуби забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, кор бо Excel дар сатҳи боэътимод.
Мо пешниҳод менамоем: кор дар яке аз бонкҳои пешсафи кишвар, бастани шартномаи расмии меҳнатӣ, омӯзиш ва рушди касбӣ.
Резюмеро ба суроғаи career@imon.tj бо қайди «Менеҷери тиҷорат — филиали н. Чайхун» ирсол намоед.