Вазифаҳои асосӣ:
• Таъмини ҳуқуқии фаъолияти Бонк.
• Гузаронидани экспертизаи ҳуқуқии шартномаҳо, созишномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо.
• Таҳия, таҳлил ва мувофиқа намудани шартномаҳои бонкӣ.
• Таҳияи хулосаҳои ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти Бонк.
• Машварати ҳуқуқӣ ба воҳидҳои сохтории Бонк.
• Таҳлил ва омӯзиши қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии танзимкунандаи фаъолияти бонкӣ.
• Мониторинги тағйирот дар қонунгузорӣ ва пешниҳоди маълумот ба роҳбарият.
• Муайян намудан ва арзёбии хавфҳои ҳуқуқӣ.
• Таҳияи даъвоҳо, ҷавоб ба даъвоҳо, дархостҳо ва мактубҳои расмӣ.
• Иштирок дар ҳалли баҳсҳо бо роҳи судӣ ва то судӣ.
• Намояндагӣ намудани манфиатҳои Бонк дар мақомоти давлатӣ дар доираи ваколатҳои додашуда.
• Иштирок дар таҳия ва экспертизаи ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои дохилии Бонк.
• Назорати мутобиқати ҳуҷҷатҳо ва фаъолияти Бонк ба талаботи қонунгузорӣ.
• Нигоҳдорӣ ва ба низом даровардани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ.
Талаботи тахассусӣ:
• Маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ.
• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкдорӣ, молия ё ҳуқуқ аз 1 то 3 сол.
• Донистани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
• Донистани қонунгузории гражданӣ, бонкӣ, меҳнатӣ ва маъмурӣ.
• Донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ва молиявӣ.
• Таҷрибаи кор бо шартномаҳо.
• Малакаи гузаронидани экспертизаи ҳуқуқии ҳуҷҷатҳо.
• Қобилияти муайян ва арзёбӣ намудани хавфҳои ҳуқуқӣ.
• Малакаи таҳияи хулосаҳои ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои расмӣ.
• Забони хаттӣ ва гуфтории босавод.
• Диққати баланд ба ҷузъиёт ва истилоҳоти ҳуқуқӣ.
• Масъулиятшиносӣ, принсипнокӣ ва ахлоқи баланди касбӣ.
• Риояи талаботи махфият ва сирри бонкӣ.