🏗 ВАКАНСИЯИ КОРӢ
МУТАХАССИСИ БАРҚ (ЭЛЕКТРИК)
Ширкати «Интерсохтмон» ба дастаи худ мутахассиси соҳибихтисосро ба вазифаи Мутахассиси барқ (Электрик) даъват менамояд.
ТАЛАБОТ БА НОМЗАД:
• Маълумоти миёнаи махсус ё олии техникӣ дар соҳаи энергетика, электротехника ё самти дахлдор;
• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи электрикӣ на кам аз 1 сол;
• Донистани қоидаҳои бехатарии барқ ва талаботи техникии дахлдор;
• Донистани тарзи насб, истифода ва таъмири таҷҳизоти барқӣ;
• Малакаи кор бо асбобҳо ва таҷҳизоти барқӣ;
• Қобилияти хондан ва фаҳмидани нақшаҳо ва схемаҳои барқӣ;
• Масъулиятшиносӣ, дақиқкорӣ ва муташаккилӣ;
• Риояи қатъии қоидаҳои техникаи бехатарӣ.
ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ:
• Насб, васлкунӣ ва ба истифода додани таҷҳизоти барқӣ;
• Санҷиш ва таъмири таҷҳизот, шабакаҳо ва системаҳои барқӣ;
• Назорати ҳолати техникии таҷҳизот ва хатҳои барқӣ;
• Муайян ва бартараф намудани нуқсонҳо ва носозиҳои системаи барқӣ;
• Иҷрои корҳои барқӣ тибқи нақшаҳо, схемаҳо ва талаботи техникӣ;
• Риоя ва назорати қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳои барқӣ;
• Нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти асбобу таҷҳизоти барқӣ;
• Иҷрои дигар вазифаҳои марбут ба самти фаъолияти корӣ.
МО ПЕШНИҲОД МЕНАМОЕМ:
✔️ Ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
✔️ Маоши рақобатпазир, ки вобаста ба натиҷаи суҳбат, таҷрибаи корӣ ва сатҳи тахассусии номзад муайян карда мешавад.
✔️ Низоми шаффофи ҳавасмандгардонии моддӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти корманд.
✔️ Фаъолият дар яке аз ширкатҳои пешбари сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сохтмонӣ.
✔️ Муҳити кории муосир ва бароҳат, ки бо тамоми шароити зарурӣ барои фаъолияти самаранок таъмин шудааст.
✔️ Нақлиёти корпоративӣ барои кормандони идораи марказӣ.
✔️ Хӯроки ташкилшуда барои кормандони ширкат.
✔️ Алоқаи мобилии корпоративӣ ва интернети баландсуръат барои иҷрои вазифаҳои корӣ.
✔️ Омӯзиши касбӣ, такмили ихтисос ва рушди малакаҳои касбӣ.
✔️ Имкониятҳои рушди мансабӣ ва пешрафти касбӣ дар дохили ширкат.
✔️ Сафарҳои хизматӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кишварҳои хориҷӣ барои иштирок дар татбиқи лоиҳаҳо, омӯзиш, табодули таҷриба ва гузаронидани вохӯриҳои корӣ.
✔️ Кор бо технологияҳои муосир, таҷҳизоти пешрафта ва таҷрибаи беҳтарини соҳавӣ.
✔️ Дастгирии мутахассисони соҳибтаҷриба, дастаи касбӣ ва фарҳанги корпоративӣ, ки ба рушд, натиҷагирӣ ва ҳамкории дарозмуддат равона шудааст.
📍 ҶОЙИ КОР: Душанбе
📩 БАРОИ ИРСОЛИ РЕЗЮМЕ (CV):
📧 interr.s.hr@gmail.com
📧 jobs@intersokhtmon.tj
📧 j.shodmonov0094@gmail.com
📞 Рақами асосӣ: +992 711 117 337
📱 Рақами иловагӣ (Telegram / WhatsApp): +992 711 117 337
+992 710 301 111
📌 Барои баррасии номзадӣ, резюме (CV)-и худро ба яке аз суроғаҳои электронии дар боло зикршуда ирсол намоед ё тавассути WhatsApp / Telegram бо мо тамос гиред.
📌 Ҳангоми ирсоли резюме, ҳатман номи вазифаи дархостшавандаро дар мавзӯи нома ё паём нишон диҳед.
«Интерсохтмон» — дастаи қавӣ, лоиҳаҳои бузург, ояндаи устувор.