ЭЪЛОН: САРМУҲОСИБ БА КОР ДАЪВАТ КАРДА МЕШАВАД
Корхонаи саноатӣ, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, сармуҳосиби соҳибтаҷрибаро ба кор даъват менамояд.
Талабот:
- таҷрибаи корӣ ба ҳайси сармуҳосиб дар корхонаи саноатӣ ё соҳаи кӯҳкорӣ;
- дониши хуби барномаи 1С;
- малакаи пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозӣ;
- таҷрибаи ҳисоб намудани андозу пардохтҳои вобаста ба истихроҷи маъдан, истеҳсол ва фурӯши консентрат;
- донистани тартиби ҳисоб намудани роялти ва дигар пардохтҳои ҳатмии соҳа;
- масъулиятшиносӣ, кордонӣ ва таҷрибаи кофии касбӣ.
Шароити кор:
- маоши баланд ва пардохти саривақтии он ҳар моҳ;
- пас аз бомуваффақият гузаштани муҳлати озмоишии 3-моҳа маош зиёд карда мешавад;
- сармуҳосиб бо нақлиёти хизматӣ таъмин мегардад;
- дар як рӯз ду вақт хӯроки гарм пешниҳод мешавад;
- барои хоҳишмандон хобгоҳ мавҷуд аст;
- инчунин имкони рафтуомади ҳаррӯза ба шаҳри Душанбе вуҷуд дорад.
Ҳаҷми маош ҳангоми суҳбат, вобаста ба таҷриба ва малакаи номзад, муайян карда мешавад.
Шахсони хоҳишманд метавонанд резюмеи худро ба рақами зерин ирсол намоянд:
Телефон: +992 93 896 88 88