Бонки «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ба дастаи худ Хазинадор-амалиётгар-ро даъват менамояд.
Вазифаҳо:
*Хизматрасонӣ ба муштариён оид ба амалиёти хазинавӣ
*Қабул ва додани маблағи нақд бо асъори миллӣ ва хориҷӣ
*Гузаронидани амалиёти пасандоз, интиқол ва пардохт
*Тартиб додани ҳуҷҷатҳои хазинавӣ дар барномаи бонкӣ
*Санҷиши аслият ва пардохтпазирии пулҳо
*Таъмини бехатарии маблағҳо ва риояи лимити хазина
*Машварат ба муштариён оид ба маҳсулоти бонк
*Ҳисобот ва муқоиса дар охири рӯзи амалиётӣ
Талабот:
*Маълумоти миёнаи касбӣ ё олӣ (молия, иқтисодиёт, муҳосибот, бонкдорӣ)
*Таҷрибаи корӣ ҳамчун хазинадор ё амалиётгар бартарӣ дорад
*Донистани амалиёти хазинавӣ ва талаботи Бонки миллии Тоҷикистон
*Малакаи кор бо компютер ва барномаҳои бонкӣ (Excel, Word)
*Забонҳои тоҷикӣ ва русӣ — озод
*Диққатнокӣ, дақиқкорӣ ва масъулиятнокии баланд
*Хушмуомилагӣ ва малакаи кор бо муштариён
*Набудани доғи судӣ ва омодагӣ ба масъулияти моддӣ
Мо пешниҳод менамоем:
*Ба кор қабул намудан мутобиқи Кодекси меҳнати ҶТ
*Музди меҳнати устувор ва бастаи иҷтимоӣ
*Таълим аз ҳисоби бонк ва дастгирӣ дар давраи мутобиқшавӣ
*Дастаи дӯстона ва имконияти пешрафти хизматӣ
📩 Резюме: career@imon.tj бо қайди «Хазинадор-амалиётгар»