• назорати Шӯъбаи қарзӣ;
• назорати таҳия ва иҷрои нақшаи кории кормандони Шӯъбаи қарзӣ (дар ҳолати зарурӣ ислоҳ кардани нақшаҳои корӣ);
• банақшагирӣ, ташкил ва иштирок дар Кумитаи қарзии филиал;
• гузаронидани мониторинги банақшагирифтаи қарзҳои додашуда, банақшагирӣ ва ташкили санҷиши ногаҳонии қарзҳои додашуда;
• иштирок дар гузаронидани таҳлили иқтисодию молиявӣ ва арзёбии гарав тибқи "Низомнома дар бораи ваколат барои гузаронидани таҳлили иҷтимоию молиявии тиҷорати қарзгирандагон";
• назорати татбиқи нақшаҳои рушди сандуқи қарзӣ аз ҷониби зердастон;
• идоракунии сифати сандуқи қарзӣ, таҳия ва татбиқи нақшаи корӣ нисбати қарзҳои мушкилситон мувофиқи Низомномаи Бонк;
• гузаронидани ҷаласаҳои нақшавӣ ва ғайринавбатии Шӯъбаи қарзӣ;
• омодасозии ҳисоботи ҳармоҳа дар бораи кори Шӯъбаи қарзӣ ва пешниҳоди ҳисоботҳо ба директори филиал;
• ташкил ва нигоҳ доштани муҳити корӣ, кор дар ташаккули рӯҳияи гурӯҳӣ дар дохили сохтор;
• иҷрои вазифаҳои дигаре, ки директори филиал вогузоштааст.
Талабот:
• собиқаи корӣ дар соҳаи қарздиҳӣ на кам аз 3 сол;
• донистани заминаи меъёрии БМТ дар соҳаи қарздиҳӣ;
• доштани малакаи кофӣ барои гузаронидани таҳлили молиявии фаъолияти қарзгирандагони эҳтимолии бонк;
• малакаи гузаронидани омӯзиш барои кормандони соҳаи қарздиҳӣ;
• донистани забони русӣ ва тоҷикӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
• донистани барномаҳои компютерӣ (MS Oficce: Word, Excel, Power Point ва Outlook).
Эзоҳ: Ба сӯҳбат танҳо ҳамон номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳо ҷавобгӯй мебошанд.