Салом, усто. Ман Абдураҳмон, электрик аз Ҳисор ҳастам. Ман як самти нави корро оғоз карда истодаам — ҷамъ кардан ва тайёр кардани щитҳои барқӣ барои квартира, хона ва коттедж.
Агар шумо объект дошта бошед, ман метавонам щитро мувофиқи схемаи объект ҳисоб карда, автоматҳо, УЗО/дифавтоматҳо ва дигар таҷҳизотро интихоб карда, щитро пурра ҷамъ, маркировка ва санҷиш кунам.
Мехоҳам бо шумо ҳамкорӣ кунам. Агар мизоҷе дошта бошед, ки щити тайёр лозим бошад, метавонед маро тавсия диҳед. Барои шумо ҳам шароити хуби ҳамкорӣ пешниҳод мекунам.