ҶДММ Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди «ФУРУЗ» аз моҳи марти соли 2006 то инҷониб қарзҳои хурду миёна дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи марказ медиҳад.
Миссияи «ФУРУЗ» додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани ҷойҳои корӣ мебошад.
Муассисони Ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур ҳастанд
Вазифаи кор:
• Қабули мизоҷон дар нуқтаи хизматрасонӣ;
• Шинос кардани мизоҷон бо шартҳои қарздиҳӣ;
• Доҳил намудани маълумотҳо ба система;
• Кор бо ҳуҷҷатҳо ва назорати дурусти онҳо;
• Омода намудани ҳисоботҳо
Талабот:
• Маълумоти миёна (ё олӣ);
• Таҷрибаи кор дар соҳаҳои гуногун афзалиятнок шуморида мешавад;
• Донистани забони тоҷикӣ (забони русӣ афзалиятнок шуморида мешавад);
• Қобилияти робитасозӣ ва муошират;
• Малакаи кор бо компютер.
Мо омодаем шахсони бе таҷрибаро ба кор қабул кунем ва омӯзиш диҳем.
Довталабони ҳавасманд метавонанд Резюме/Анкетаи худро ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.
Телефон барои маълумот: 988 27 39 37.
Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ ба суҳбат даъват карда мешаванд.