Мақсади мо сохтани биноест, ки на танҳо зебо, устувор ва боэътимод бошад, балки ба орзу ва талаботи шумо низ пурра ҷавобгӯ бошад.
Бо таҷрибаи чандинсолаи худ мо барои шумо лоиҳаи босифат, зебо ва мувофиқ ба талаботи сохтмон омода менамоем.
📌 Марҳилаҳои кори мо
1. Андозагирӣ ва омӯзиши қитъаи замин
Ба маҳалли сохтмон омада, қитъаро аз назар мегузаронем ва андозагирӣ мекунем.
2. Омода намудани эскиз ва нақшаҳо
Бо назардошти хоҳишу талаботи шумо чанд варианти мувофиқ пешниҳод намуда, баъд аз мувофиқа ба марҳилаи навбатӣ мегузарем.
3. Ҷойгиркунии бино дар қитъа
Пас аз тасдиқи эскиз, ҷойгиршавии хона ё иншоотро дар қитъа бо назардошти роҳатӣ, равшанӣ ва талаботи меъморӣ муайян мекунем.
4. 3D-визуализатсия
Пас аз муайян шудани ҷойгиршавии бино, намуди сеандозаи (3D) онро омода мекунем. Ҳар як марҳилаи кор бо шумо муҳокима ва мувофиқа карда мешавад.
5. Омода намудани лоиҳаи пурра
Пас аз тасдиқи ниҳоӣ тамоми ҳуҷҷатҳои техникии заруриро барои сохтмон омода менамоем.
Аз ҷумла:
- нақшаи таҳкурсӣ (фундамент);
- нақшаи ҷойгиршавии хишт, сутунҳо, ригелҳо, болорҳо ва дигар қисмҳои конструктивӣ;
- нақшаҳои зарурии сохтмонӣ.
Ҳангоми корҳои сохтмонӣ ҳамчун муаллифи лоиҳа ба маҳалли сохтмон омада, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем. Боздиди аввал ройгон аст, боздидҳои минбаъда бо мувофиқа анҷом дода мешаванд.
📄 Лоиҳаи тайёр аз чӣ иборат аст?
1. Визуализатсияи 3D-и бино.
2. Фасадҳо (намои бино).
3. Нақшаҳои ошёнаҳо (планҳо).
4. Буришҳо (разрезҳо).
5. Чопи лоиҳа дар форматҳои A3 ва A4.
6. Муаллифии лоиҳа (машварат ва назорат ҳангоми сохтмон; сафари аввал ройгон).
🤝 Хизматрасониҳои иловагӣ (бо мувофиқа)
- Ҳисоб намудани миқдори масолеҳи сохтмонӣ (хишт, бетон ва ғайра).
- Омода намудани нақшаҳои корҳои сантехникӣ.
- Машварат оид ба корҳои сохтмонӣ.
🏗️ Самтҳои хизматрасонии мо
- Лоиҳакашии хонаҳои 1, 2 ва 3-ошёна.
- Лоиҳакашии коттеджҳо.
- Лоиҳакашии мағозаҳо.
- Тарҳрезии хона ва квартира.
- Нақшаи ҷойгиркунии мебел.
- Нақшаи қитъаи замин (генплан).
- Тарҳрезии зинапояҳо, айвонҳо ва дигар ҷузъҳои меъморӣ.
- Лоиҳакашии автомойкаҳо.
- Азнавсозӣ ва барқарорсозии биноҳо (реконструкция ва реставратсия).
⏳ Мӯҳлати иҷро
Аз 10 то 30 рӯзи корӣ, вобаста ба ҳаҷм ва мураккабии лоиҳа.
Мо кӯшиш мекунем, ки лоиҳаро дар муҳлати кӯтоҳ, бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи шумо омода намоем.
📞 Барои машварат ва фармоиш
Бо мо тавассути телефон ё WhatsApp ва Telegram дар тамос шавед.
Бо камоли майл ба шумо дар амалӣ намудани орзуи сохтмони хонаи дилхоҳатон кӯмак мерасонем.