Мудири анбор дар Ёвон
- Стаж: от 1 года
- Название, адрес компании: Сардор Снек
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Истеҳсолот
📢 Диққат! Мудири анбор (Завсклад) лозим аст!
Дар бораи ширкат: яке аз ширкатҳои пешсафи истеҳсолӣ дар бозори маҳсулоти хӯрокаи сабук (снекҳо) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ширкат фаъолияти худро соли 2010 бо баровардани аввалин маҳсулоти худ — ғулачаҳои ҷуворимакка зери бренди маъруфи «СИМБА» оғоз кардааст. Бо гузашти зиёда аз 15 сол, ин корхона доираи маҳсулоташро ба куллӣ васеъ намуд. Бинобар аз кор рафтани коргари пештара (бо сабабҳои шахсӣ), мо ба дастаи худ мутахассиси масъулиятшиносро барои вазифаи Мудири анбори маҳсулоти хӯрокворӣ (снекҳо) даъват мекунем.
📦 Маҳсулоти анбор: Чипсиҳо, ҷуворимаккаи ширин, семечка, қурут, жвачка, қандаки чубдор ва сухарикҳо.
🛠️ Уҳдадориҳо: Қабул ва супоридан: Назорати раванди қабули маҳсулот ва супоридани он ба экспедиторҳо. Нигоҳдории дуруст: Таъмин намудани ҷойгиркунии дурусти снекҳо мувофиқи қоидаҳои санитарӣ ва мӯҳлати истеъмолӣ.
Баҳисобгирӣ: Бурдани ҳуҷҷатгузории анбор ва ворид кардани маълумот ба барномаи 1С.
Ревизия: Иштирок ва роҳбарӣ дар инвентаризатсияи давравии анбор.
Роҳбарӣ: Назорати кори коргарони анбор ва борбардорон.
🎯 Талабот ба номзад:Таҷрибаи корӣ: На камтар аз 1 сол дар анбори маҳсулоти хӯрокворӣ.
Дониши техникӣ: Кор бо компютер, донистани барномаи 1С: Склад ва Excel.
Хислатҳои шахсӣ: Масъулиятшиносии баланд, дақиқкорӣ, интизом ва ростқавлӣ.
💼 Шароитҳои корӣ: Музди меҳнат 4500 сомони.🥗 Иловапулӣ: Барои хӯроки рӯзона маблағ (пули хӯрок) ҷудо карда мешавад. Реҷаи корӣ: 6 рӯзи корӣ, аз соати 07:00 то 18:00.
📞 Тамос: Агар шумо хоҳиши кор кардан дар ширкати устуворро дошта бошед, тарҷумаи ҳоли (резюме)-и худро ба Ватсапи ин рақам равон кунед ё занг занед: 550004719.
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust