Намояндаи савдо
Ширкати Акома-яке аз пешвоени бозори маҳсулоти ҳасибии Ҷумҳурии Тоҷикистон-барои кор дар вазифаи «намояндаи савдо дар самти хорека» корчуенро таклиф менамояд. Мо пешниҳод мекунем: - Кор дар офиси муосир бо макони чойгиршавии хуб - Нақшаҳои мувофиқ ба принсипҳои"smart" - Коллективи дӯстона Талабот ба довталабон: - Доштани таҷрибаи корӣ дар сохаи дистрибъюция;- Таҷриба дар ширкате, ки бо стандартҳо, KPI ва омӯзиши системавӣ кор мекунад (беҳтараш таҷриба дар соҳаи бакалея, химияи рӯзгор, маҳсулоти ширӣ)- Донистани стандартҳои фурӯш дар сохаи дистрибъюция. Доштани тачриба дар доираи KPI- Ростқавлӣ, муоширатноки - Синну сол аз 25 то 50 сола Чӣ бояд кард:- Боздид аз нуқтаҳои савдо, тибқи варақаи хатсайр- Кор бо муштариени фаъоли ширкат, ҷустуҷӯи муштариени нав- Зиёд ва васеъ гардонидани ассортименти масхулот дар рафи витринаи магоза - Кор бо қарзхои дебиторӣ - Иҷрои нақшаи фурӯшМузди меҳнат аз 7 000 то 12 000 сомонӣ.Шартҳои дигар ҳангоми мулоқот, дар мусоҳиба баррасӣ карда мешаванд. Резюмеи худро ба паемнависи телеграмм ба рақами +992 711118874 фиристед.
2 недели назад Душанбе
Намояндаи Савдо дар Регионо
Вакансия: Намояндаи савдо бо Таҷрибаи кори (Торговый представитель с опытом работы) Права категорияи (B) хатми Ванселинг Ширкат корманди фаъол ва масъулиятнокро ба намояндаи савдо даъват мекунад. Талаботҳо: Таҷриба дар соҳаи фурӯш (афзалият дорад); Малакаи хуби муошират бо муштариён; Донистани минтақаи шаҳр; Салоҳият ва ҷавобгарӣ дар иҷрои вазифаҳо. Вазифаҳо: Пешниҳоди мол ба дӯконҳо ва муштариён; Ҷамъоварии фармоишҳо ва ҳисоботҳо; Назорат ва густариши бозор. Шартҳо: Ҷои кор: шаҳри Душанбе; Режими корӣ: аз соати 8:00 то 17:00, якшанбе – рӯзҳои истироҳат; Маош мувофиқи таҷриба ва натиҷаҳои кор.
3 недели назад Душанбе
Намояндаи савдо
🔹 ТАЛАБОТ: - Сину сол: аз 25 то 30 сола - Реҷаи кори 6/1 - Масъулиятшинос ва актив - Доштани таҷриба дар савдо - Дониши компютерӣ (MS Office) - Забонҳои тоҷикӣ/русӣ 🔹 ВАЗИФАҲО: 1. Ҷустуҷӯ ва ҷалби муштариҳои нав 2. Кор бо муштариҳои мавҷуд 3. Намоиши маҳсулоти ширкат 4. Иҷрои планҳои савдо 5. Ҳисоботдиҳӣ ба раҳбарият 📍 ҶОИ КОР: Душанбе, кор бо мағозаю тезтайрҳо 📞 МУРОҶИAT КУНЕД: 101 83 99 99 (888 999 399 WhatsApp) МО ИНТИЗОРИ ШУМО ҲАСТЕМ! 😊
1 месяц назад Душанбе
Намояндаи савдо
Шумо қобилияти гап задан ва бовар кунонидан доред, муоширатро дӯст медоред ва мехоҳед маоши хуб гиред?Пас ба дастаи мо ҳамроҳ шавед!Мо ба дастаи худ намояндаи савдо (торговый представитель) ба кор кабул мекунем.Вазифаҳои шумо:• Ҳар рӯз мувофиқи маршрути корӣ ба нуқтаҳои савдо ташриф овардан;• Кор бо базаи мавҷудаи мизоҷон;• Иҷрои нақшаи фурӯш.Талабот ба номзад:• Синну сол: аз 23 то 35 сола;• Маълумоти на камтар аз миёнаи касбӣ;• Доштани телефони смартфон;• Таҷриба дар фурӯш агар дошта бошед хуб аст;• Хушмуомила будан ва муносибати хуб бо одамон;• Хоҳиши кор ҳамчун намояндаи саавдо;• Хоҳиши омӯзиш ва пешравӣ;• Масъулиятшинос ва ҷиддӣ будан дар кор.Мо чӣ пешниҳод мекунем:• Кор дар шаҳри Душанбе;• Маош + фоиз аз фурӯш + бонусҳои иловагӣ;• Пардохт музди маош ду маротиба дар як моҳ;• Пардохти хароҷоти роҳ;• Симкартаи корпоративӣ;• Аз субҳ ба офис омадан лозим нест — кор аз минтакаи савдо оғоз мешавад;• Кор бо бренди машҳур;• Омӯзиш ва кӯмак дар рафти кор;• Ва аз ҳама муҳим — мо танҳо бо пули нақд кор мекунем, бо карзҷамъкунӣ машғул намешавед!Агар омода бошед, ки ин масъулиятро ба дӯш гиред, лутфан анкетаи онлайниро пур кунед:👉 https://forms.gle/EwvQ4bPUh3puCtMR8Ҳамчунин метавонед резюмеатонро ба vacancy@angelyeast.tj фиристед ё ба рақами +992 551110145 (WhatsApp ё Telegram) нависед.
4 дня назад Душанбе

Менеджер по продажам
🔥 Вакансия: Менеҷери фурӯш дар Трендофис Маълумот оиди ширкати мо Мо — ширкати "Трендофис", яке аз бозингарони асосӣ дар бозори мебели офисии Тоҷикистон ҳастем. Мо ба фурӯши мебелҳои офисӣ, сейфҳо, креслаҳои офисӣ ва массажӣ машғулем. Мизоҷони мо — ширкатҳо, идораҳо ва шахсони фаҳмида, ки сифати баланд талаб мекунанд. Ширкатамон аллакай обрӯи худро пайдо кардааст ва ҳоло марҳилаи нави рушдро мегузарад.Ҳоло мо ба зинаи нави рушди ширкат ворид мешавем ва дар ин марҳила ба дастаи мо менеҷери фурӯши қавӣ ва натиҷагар лозим аст. Маълумот оиди номзад Мо шахсеро меҷӯем, ки хусусиятҳои зеринро дорад: – фаъол, ҳадафманд ва натиҷагар – бо ахлоқи хуб ва сӯҳбати фаҳмо – малакаи хуби фурӯш ва муошират – қобилияти фаҳмидани мизоҷ ва пешниҳоди дуруст Уҳдадориҳои номзад – фурӯши маҳсулотҳои ширкат ба мизоҷон тариқи онлайн дар мағоза – интихоб кардани моделҳо мувофиқи талаботҳои муштариён – идоракунии системаи CRM – омодасозӣ кардани ҳисоботҳо дар бораи фурӯш ва иҷрои нақшаҳо Натиҷаи ниҳоии арзишманд (ЦКР) – аз қабули фармоиш то супоридани он ба мизоҷ ва анҷоми пардохт – иҷрои пурраи нақшаи фурӯш – афзоиши доимии ҳаҷми фурӯш – қаноатмандии мизоҷ ва такрори харидҳо – суръат ва сифат дар бастани фурӯш Имкониятҳо барои номзад – муҳити ором ва фаъол барои кор – дастгирӣ дар омӯзиши фурӯш ва рушди шахсӣ – системаҳои мотивационӣ: бонусҳои рӯзона, ҳафтаина, моҳона – имконияти болоравӣ — шанси сардори фурӯш шудан дар дохили 6–12 моҳ – карйера, дамгирӣ ва муҳити рушди воқеӣ Шароити кор: Соҳаи ширкат: тиҷорати чаканаи мебели офисӣ Таҷриба: таҷрибаи корӣ дар фурӯш аз 1 сол Ҷинс: Зан Синну сол: аз 18 то 32-сола Реҷаи кор: 6 рӯз дар ҳафта аз соати 09:00 то 18:00 Музди маош: фоиз аз фурӯш + бонусҳо барои иҷрои нақша Агар хоҳиши даромади бештар дошта бошед, метавонед баъди вақти корӣ фурӯшро тариқи онлайн идома диҳед (аз хона). 📩 Агар шумо худро дар “Трендофис” мебинед ва мехоҳед қисми дастаи мо шавед — калимаи “Анкета”-ро ба WhatsApp-и мо нависед: +992 55 888 92 93. Пас аз он, мо ба Шумо шакли анкетаро мефиристем барои пур кардан. Мо дар инстаграм @trendoffice_tj
1 месяц назад Душанбе

Фурӯшанда
Кохи ҷавоҳироти «Акика», ки зиёда аз 16 сол инҷониб рамзи назокат ва сифат дар соҳаи заргарии кишвар маҳсуб меёбад, тими худро васеъ мекунад. Мо дар ҷустуҷӯи фурӯшандагони боистеъдод ва меҳрубон ҳастем, ки мехоҳанд дар олами ҷавоҳирот касбияти худро сайқал диҳанд. Вазифаҳо: • Хизматрасонӣ ба муштариён дар сатҳи баланд ва бо назокат • Муаррифии маҳсулот, кӯмак дар интихоби ҷавоҳирот мувофиқи хости муштарӣ • Иҷрои нақшаи фурӯш • Нигоҳдорӣ ва тартиби витринаҳо • Пуркунии ҳуҷҷатҳои фурӯш ва ҳисоботи рӯзона Талабот: • Сину сол аз 25 то 45 • Муошират хуб, зоҳири хушоянд ва тарзи муомилаи одобона • Қобилияти кор бо муштариён ва гурӯҳ • Таҷриба дар соҳаи фурӯш авлотар аст (аммо шарт нест) • Омодагӣ барои омӯзиш ва рушди касбӣ Мо пешниҳод мекунем: • Музди меҳнати рақобатпазир • Омӯзиш ва тайёрии ройгон дар самти ҷавоҳиршиносӣ • Шароити мусоид дар коллективи дӯстона • Имконияти рушди касбӣ дар дохили ширкат Барои дархост, резюмеи худро ба почтаи зерин ирсол намоед: 📧 vacancy@akika.tj Ё ин ки ба рақамои зерин занг занед: 888881779 ( ба паёми шумо дар вакти кори чавоб дода мешавад 9:00 то 18:00)
3 недели назад Душанбе
