Менеҷери фуруши бо таҷриба
- Стаж: от 3 лет
- Название, адрес компании: Alpha Genius
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Маркази омузиши
🔥 МЕНЕҶЕРИ ҚАВИИ ФУРӮШ ЛОЗИМ!
Агар шумо воқеан фурӯхта метавонед ва мехоҳед даромади баланд дошта бошед, пас ин имконият барои шумост.
Мо маркази омодагии довталабон ба Донишгоҳи тиббӣ ҳастем ва ба дастаи худ менеҷери фурӯши фаъол ва ҳадафрасро қабул мекунем.
📌 Афзалияти асосӣ:
Ба шумо лозим нест, ки мизоҷ ҷустуҷӯ кунед.
Мо ҳар рӯз дархостҳои омодаро (лидҳо) таъмин мекунем. Вазифаи шумо — машварат додан ва бастани фурӯш мебошад.
💰 Даромад:
✅ Оклад — 1500 сомонӣ
✅ 35% аз ҳар як фурӯш
✅ Бонусҳои иловагӣ барои иҷро ва зиёд иҷро кардани нақша
✅ Даромади воқеӣ аз 15 000 то 20 000+ сомонӣ дар як моҳ
✅ Барои фурӯшандаи қавӣ маҳдудияти даромад вуҷуд надорад
📚 Маҳсулоти мо:
Курсҳои омодагӣ барои дохил шудан ба Донишгоҳи тиббӣ.
Шумо маҳсулотеро мефурӯшед, ки воқеан ба ҷавонон барои сохтани ояндаи худ кӯмак мекунад.
📌 Вазифаҳо:
• Кор бо дархостҳои воридшаванда
• Машварат ба довталабон ва волидон
• Муаррифии курсҳо
• Бастани фурӯш ва қабули донишҷӯён
• Иҷрои нақшаи фурӯш
📌 Талабот:
• Таҷрибаи кор дар фурӯш ҳатмист
• Забонҳои тоҷикӣ ва русиро донад
• Муоширати хуб дошта бошад
• Масъулиятшинос бошад
• Барои натиҷа ва даромади баланд омода бошад
• Агар шумо фурӯшро дӯст намедоред, ин кор барои шумо нест
🚀 Агар шумо хоҳед, ки дар дастаи рушдёбанда кор кунед, маҳорати худро нишон диҳед ва даромади баланд ба даст оред — ин имконият барои шумост.
⚠️ МУҲИМ:
Мо танҳо менеҷерони таҷрибадорро баррасӣ мекунем.
Агар шумо қаблан дар соҳаи фурӯш кор карда бошед ва воқеан фурӯхта тавонед, ба WhatsApp муроҷиат намоед.
Ҳангоми муроҷиат ҳатман:
✅ CV (резюме)-и худро фиристед
Ё
✅ Дар паёми овозӣ (1–2 дақиқа) дар бораи таҷрибаи худ нақл кунед:
• Дар куҷо кор кардаед?
• Чӣ маҳсулот ё хизматрасониро фурӯхтаед?
• Ба кадом натиҷаҳо расидаед?
• Чаро фикр мекунед, ки барои ин вазифа мувофиқ ҳастед?
WhatsApp: +79997134290
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust