Модератори сомона
- Стаж: Любой
- Название, адрес компании: Olam Shop
- График: Совмещение
- Сфера деятельности компании: Интернет-магазин
Мо — мағозаи интернетии Olam Shop. Вобаста ба рушди платформа ва замимаи мобилиамон, дастаи худро васеъ мекунем ва модератори бодиққат ва масъулиятнокро меҷӯем, ки ба сифати пуршавии сомонаи мо назорат кунад.
ВАЗИФАҲО:
- Илова кардани маҳсулоти нав ба пойгоҳи додаҳо (пур кардани тавсифи техникӣ, боргузорӣ ва танзими аксҳо ва ғайра).
- Таҳрир ва навсозии варақаҳои маҳсулоти мавҷуда (техникаи компютерӣ, электроника, қисмҳои эҳтиётӣ ва ғайра), назорат аз болои дақиқии нархҳо ва мавҷудияти мол.
- Модератсияи (санҷиши) фикру мулоҳизаҳои харидорон дар сомона ва замимаи мобилӣ.
- Назорат аз болои ороиши визуалии каталог, то ҳама чиз тоза, замонавӣ ва дар як услуби ягона бошад.
- Кӯмак дар маҳаллисозии (локализатсияи) мундариҷа ва мутобиқсозии тавсифҳо.
ТАЛАБОТ БА НОМЗАД:
- Донистани озоди забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (саводи хаттӣ ва шифоҳӣ барои кор бо матнҳо ҳатмист), инчунин донистани забони англисӣ ба назар гирифта мешавад.
- Диққати ҷиддӣ ба ҷузъиёт, дақиқкорӣ ва пуртоқатӣ (кор тамаркузи зиёдро талаб мекунад).
- Истифодабарандаи ботаҷрибаи компютер.
- Фаҳмиши асосии принсипҳои тартиб додани матнҳои SEO бартарии калон хоҳад буд.
- Таҷрибаи кор бо панелҳои маъмурии (админка) сомонаҳо истиқбол карда мешавад, аммо чизи асосӣ — хоҳиши омӯхтан аст.
МО ПЕШНИҲОД МЕКУНЕМ:
- Музди меҳнати устувор ва саривақтӣ (мувофиқи супориш).
- Реҷаи корӣ: бо маслиҳат (имконияти кори фосилавӣ/удаленка).
- Имконияти рушди мансаб дар дохили даста вобаста ба рушди лоиҳа.
Барои маълумоти муфассал дар рақамҳои:
806060608
903010309
987039658 занг занед ва ё тариқи почтаи электронии мо (olamtjshopzone@gmail.com) нависед!
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust