Мутахассис оид ба хизматрасонии мизочон
- Стаж: Любой
- Название, адрес компании: ФҶДММ ТАҚХ "ОКСУС" дар вилояти Суғд
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: банк
ҶДММ ТАҚХ “ОКСУС” яке аз ташкилотҳои маблағгузории хурди OXUS Group буда, ба аҳолии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, рушди кишоварзӣ ва ниёзҳои истеъмолкунандагон қарзҳои хурд ва миёна пешниҳод менамояд..ҶДММ ТАҚХ “ОКСУС”, ки дар зиёда аз 35 ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) бомуваффақият фаъолият бурда истодааст, довталабонро барои ишғоли ҷойи кори холӣ даъват менамояд - МУТАХАССИС ОИД БА ХИЗМАТРАСОНИИ МИЗОҶОН ба Маркази хизматрасонии маблағгузории хурд дар шаҳри Хуҷанд.
ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ:
2.1. Хизматрасонии мизоҷон:
• Машварат додан ба мизоҷони эҳтимолӣ ва фаъол дар бораи маҳсулотҳои қарзии Ташкилот, муайян кардани талаботи мизоҷон ва пешниҳоди маҳсулоти қарзӣ, ки ба талаботҳои эълоншуда ҷавобгу мебошанд;
• Муайянкунии шахсияти мизоҷон аз рӯйи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда;
• Мусоидат ба мизоҷон дар пуркунии варақаҳои лозимӣ;
• Пур кардании аризаи электронӣ ва ворид кардани маълумоти зарурӣ дар бораи қарзгирандагон;
• Дар рафти хизматрасонӣ ба мизоҷон маълумотҳои гирифта шударо дуруст ва бехато ворид намудан;
• Чоп кардан ва нигоҳ доштани кулли ҳуҷҷатҳое, ки барои амалисозии фаъолият оид ба қарзҳо зарур мебошанд;
• Огоҳонидани қарзгирон дар бораи қарор аз рӯйи дархостҳо;
• Татбиқ ва риояи технология ва усулҳои қабулшудаи Ташкилот дар бораи хизматрасонии мизоҷон;
• Гузаронидани расмиёти фаҳмондадиҳӣ ва имзогузории шартномаҳо ҳангоми додани қарз;
• Саривақт огоҳ кардани роҳбарият дар бораи камбудиҳои мавҷуда дар самти хизматрасонии мизоҷон;
• Иҷрои амалиётҳои амонати;
2.2. Кори маъмурӣ:
• Нусхабардорӣ ва нигаҳдории кулли ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи дархосткунандагон дар барномаи махсуси дохилӣ;
• Нусхабардорӣ ва нигаҳдории кулли шартномаҳои имзошудаи қарзгирон дар барномаи махсуси дохилӣ;
• Таъмини гирдоварии пурра ва нигаҳдории парвандаҳои қарзии мизоҷон;
Талабот ба дараҷаи ихтисос:
• Маълумот – олии нопурра/олӣ;
• Талабот нисбати собиқаи корӣ ҳатмӣ нест
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust