Корманди тиб
- Стаж: от 3 лет
- Название, адрес компании: TNMAC
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Тиб
Муассисаи давлатии “Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаи минаҳо” (минбаъд Марказ), дар доираи лоиҳаи дастгирии молиявии Департаменти давлатии ИМА, барои ишғоли вазифаи корманди тиббӣ озмун эълон мекунад.
ВАЗИФАҲО
Корманди тиббии гуруҳҳои тадқиқотӣ ва поксозии минаҳои (минбаъд ГТМП) бевосита ба Сардухтури Марказ итоат намуда вазифаҳои (уҳдадориҳои) ӯ инҳоро дар бар мегиранд:
• Расонидани кӯмаки аввалин ва кӯмаки доимии тиббӣ ба кормандони ГТМП ҳангоми дархости онҳо.
• Ҳангоми гузаронидани корҳои тозакунӣ бо дастури роҳбари гурӯҳ дар ҷойи кор омода будан бо тамоми таҷҳизотҳо.
• Бо дастури роҳбарияти болоии ГТМП, сардухтур, сардори гурӯҳ ва дигар роҳбарон гузаронидани омӯзиш тренингҳо оид ба расонидани кӯмаки аввалин барои ҳамаи аъзоёни гурӯҳ.
• Мунтазам гузаронидани корҳои амалӣ,омӯзишӣ ва машқӣ оиди кӯчонидан дар мавриди ҳодисаҳои нохуш дар асоси супоришҳои роҳбари гурӯх.
• Масъалаҳои саломатӣ ва гигении гуруҳро назорат бурдан.
• Бо гуруҳи оперативӣ дар чойҳои гузаронидани корҳои безарасозӣ кор хоҳед кард.
• Давомнокии сафарҳои хизматӣ вобаста ба корҳо дар майдонҳо мебошад.
• Дар ҳолати зарурӣ шумо вазифадор, ки ҷойи дигар корманди тиббиро дар майдони корӣ иваз намоед.
• Уҳдадор мебошед, ки супоришҳои иловагии маъмуриро мувофиқи дастурҳои кормандони калони ташкилот ичро кунед. Шарти сафарҳои корӣ дар майдон мебошад.
Ихтисос ва таҷриба:
• Маълумоти олии тиббӣ, олии тиббии нопура (коллеҷи тиббӣ).
• Доштани таҷриба на кам аз 3 сол соҳаи тиб ва поксозии мина.
• Доштани сертификат(ҳо) аз омӯзишҳои соҳаи поксозии мина.
• Муошират ва корбарии озодона бо забони тоҷикӣ.
• Донистани забони русӣ афзалият дорад.
• Таҷрибаи кории оид ба таҳияи лоиҳаҳо ва дархостҳо.
• Таҷрибаи кории оид ба гузаронидани корҳои баҳодиҳи.
Номзад танҳо мардони то сини 50 сола.
Барои иштирок дар озмун бояд ба суроғаи зерин, тарҷумаи ҳол (CV) ва мактуби ҳамроҳ фиристондашаванда пешниҳод карда шавад.
Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда 12 марти соли 2026 , соати 17:00.
Суроға: 734063, ш. Душанбе, кӯчаи Айни 121, муассисаи давлатии “Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаи минаҳо”, ошёнаи 3-юми бинои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (рӯ ба рӯи поликлиникаи №3, наздики ДОК).
Телефон: +992 37 221 66 87; 777007546
E-mail: info@tnmac.gov.tj,
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust