Муаллими забони хитойи
- Стаж: от 1 года
- Название, адрес компании: Алфози Ширин
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: маркази омӯзишӣ
📌 МУАЛЛИМИ ЗАБОНИ ХИТОЙӢ (АСОС: HSK)
Маркази таълимии «Алфози Ширин» барои фаъолияти фаврӣ ва дарозмуддат муаллимони бомаҳорат, ботаҷриба ва дӯстдори касби худро ба кор даъват менамояд.
Агар шумо хоҳиши рушди касбӣ дошта бошед ва мехоҳед дар омодасозии шогирдон ба имтиҳонҳои байналмилалӣ саҳм гузоред — мо шуморо интизорем!
✅ ШАРОИТИ КОРӢ:
Кори доимӣ бо шартномаи расмӣ
Вақти кор: Душанбе–Ҷумъа, 08:00–17:00
(имконияти кор то соати 19:00 мавҷуд аст)
Ҳаққи асосӣ — мувофиқа дар мусоҳиба
🎁 Бонуси 1000 сомонӣ барои хатми муваффақонаи ҳар як гурӯҳ
Имконияти рушди касбӣ ва омӯзиши методика
Синфхонаҳои муҷаҳҳаз ва муҳити кории дӯстона
📚 ВАЗИФА:
Омӯзонидани забони хитойӣ бо нигариш ба имтиҳони байналмилалии HSK
Омодасозии донишҷӯён ба сатҳҳои гуногун (HSK 1–6)
Таҳкими луғат, грамматика, гӯиш ва шунидан
Кор бо хаттот (иероглифҳо) ва талаффуз
🎯 ТАЛАБОТ:
Синну сол: 23–45 сола
Сатҳи забонӣ на камтар аз HSK 4 (ё баробар)
Дониши системаи хаттот ва грамматикаи забони хитойӣ
Таҷрибаи кор дар соҳаи таълим (афзалият дорад)
Масъулиятшиносӣ ва хоҳиши кори дарозмуддат
Оиладор будан ва фарзанд доштан бартарӣ дорад
📝 РАВАНДИ ҚАБУЛ:
Пешниҳоди резюме
Мусоҳиба
Санҷиши амалӣ
Давраи омӯзиш (барои муаллимони навкор)
Имзои шартнома ва оғози кор
📌 Барои муаллимони ботаҷрибае, ки бо методикаи марказ пурра ошно нестанд, барномаи махсуси омӯзиши педагогӣ пешниҳод карда мешавад.
📍 Суроғаҳо:
Саридора: Асадулло Ғуломов 13
Филиал: Аҳмад Дониш 5
Зеридора: Алишер Навоӣ 35/1
📞 Телефон: +992 777-00-42-91
🌐 Сомона: www.alfozishirin.tj
📱 Instagram: educational.center_alfoz
Ба дастаи мо ҳамроҳ шавед ва дар тарбияи насли соҳибзабон саҳм гузоред! 🌏
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust