Операционный директор
- Стаж: от 5 лет
- Название, адрес компании: МКФ "Фонд рефинансирования" г.Душанбе
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Банк, кредитные финансовые организации
ЭЪЛОН ДАР БОРАИ ҶОИ КОРИ ХОЛӢ
Фонди қарзии хурди «Фонди бозтамвил» озмун оид ба ҷойи кори холии зеринро эълон мекунад:
Вазифа: Директори амалиётӣ
Ҷойи кор: ш. Душанбе
Муҳлати қабули дархостҳо: то 09 марти соли 2026
Тавсифи мухтасари вазифа:
Директори амалиётӣ барои идоракунии амалиётҳои асосии тиҷоратӣ масъул буда, аз ҷумла баҳодиҳии хавфҳо, таҳияи маҳсулот, ташаккул ва татбиқи сиёсати маркетингӣ ва сиёсати рушд, ҷорӣ намудани механизмҳои идоракунии самараноки назорати дохилӣ ва пешниҳоди қарзҳоро мутобиқи сиёсати қарзии Фонд, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
Директори амалиётӣ дар фаъолияти худ вазифадор аст:
• идоракунии амалиётҳои асосии тиҷоратии Фонд, аз ҷумла пешниҳоди қарзҳо, баҳодиҳии хавфҳо, таҳия ва рушди маҳсулот, ташаккул ва татбиқи сиёсати маркетингӣ ва сиёсати рушд, инчунин ҷорӣ намудани механизмҳои самараноки назорати дохилиро таъмин намояд;
• ҳамчун аъзои Раёсат масъулият, дар таъмини натиҷаҳои умумии фаъолияти Фонд ва қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ, дошта бошад;
• ҳамчун аъзои Кумитаи қарзӣ масъулият дар қабули қарорҳо оид ба пешниҳоди қарзҳо мутобиқи сиёсати қарзии Фонд, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дошта бошад;
• дар таҳияи ва татбиқи нақшаҳои стратегӣ ва амалиётии Фонд иштирок намояд;
• дар таъмин намудани иҷрои нишондиҳандаҳои мақсадноки самаранокии Фонд саҳмгузор бошад;
• дар банақшагирии кор ва гузоштани вазифаҳо барои кормандони шуъбаи қарздиҳӣ, муайян кардани ҳаҷм ва муҳлати кор ва талабот ба натиҷаҳои кор масъул бошад;
• дар муайян намудани афзалияти корҳои пешбинишуда ва ҷорӣ дар асоси аҳамият ва таъхирнопазирии онҳо масъул бошад;
• бевосита барои идоракунии тамоми фаъолияти амалиётии Фонд масъул ва ҷавобгар будан;
• иҷрои дигар вазифаҳое, ки бо фаъолияти молиявии Фонд алоқамандӣ доранд.
Талаботҳо нисбат ба довталаб ба вазифаи Директори амалиётӣ:
• дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ва собиқаи кории на камтар аз панҷ сол аз рӯи ихтисос дар низоми бонкӣ (дохилӣ ё хориҷӣ) ва/ё соҳаи молия бошад, ки на камтар аз се соли он дар вазифаҳои роҳбарӣ ё муовини роҳбари воҳидҳои сохтории иқтисодӣ фаъолият намуда бошад;
• донистани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;
• таҷриба дар таҳия ва татбиқи стратегияҳо ва равандҳои амалиётӣ;
• таҷрибаи банақшагирии тиҷоратӣ;
• малакаҳои хуби муоширати шифоҳӣ ва хаттӣ;
• қобилияти таҳлил ва такмили равандҳои тиҷоратӣ ва малакаи муоширати касбӣ;
• донистани барномаҳои компютерӣ ва офисӣ, аз ҷумла MS Word (B), Excel (B), ЦФТ-bank (B);
• сатҳи баланди масъулиятшиносӣ;
• донистани озоди забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, донистани забони англисӣ бартарӣ дода мешавад;
• шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Довталабон бояд варақаи дархости худро ба суроғаи зерин: ш. Душанбе кучаи Истаравшан 18 ва ё ба почтаи электронии office@rfund.tj ирсол намоянд.
Дар қисми мавзӯъ (subject) номи вазифае, ки барои он дархост пешниҳод мекунед, нишон дода шавад.
Телефон барои маълумот: (+992) 433 777 770
Муҳлати пешниҳоди дархостҳои номзадҳо то 09 марти соли 2026 мебошад.
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust