Менеҷер оид ба қарзҳо
- Стаж: от 5 лет
- Название, адрес компании: к. Ҷаббор Расулов 9
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Кори бонкӣ
Уҳдадориҳои асосӣ:
Иштирок дар таҳия ва рушди стратегияи фаъолияти қарзии ширкат
Коркард ва такмил додани сиёсати қарзӣ, дастурамалҳо ва тартибот
Таҳия ва ҷорӣ намудани маҳсулотҳои нави қарзӣ
Таҳлил ва назорати сифати сандуқи қарзӣ
Банақшагирӣ ва назорати иҷроиши нақшаҳои қарзӣ
Омӯзонидани кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонӣ
Назорати риояи талаботи Бонки миллии Тоҷикистон ва қонунгузории ҶТ
Омода намудани ҳисоботҳо барои роҳбарият ва ҷонибҳои манфиатдор
Таҳлили бозори қарзӣ, рақибон ва талаботи мизоҷон
Ҳамкорӣ бо шуъбаи маркетинг дар пешбурди маҳсулотҳои қарзӣ
Талабот нисбати номзадон:
Маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, молия ё самти марбут
Таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкӣ на кам аз 5 сол
Таҷрибаи роҳбарӣ бартарӣ дорад
Дониши хуби амалиётҳои қарзӣ ва равандҳои бонкӣ
Маҳорати кор бо барномаҳои MS Office (махсусан Excel)
Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмист, дониши забони англисӣ
бартарӣ дорад
Малакаҳои таҳлили молиявӣ ва омода намудани ҳисоботҳо
________________________________________
Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.
________________________________________
Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 26 феврали соли 2026 ба суроғаи ш.Душанбе, кучаи Ҷаббор Расулова 9 , идораи ТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот: (+992) 44 600 23 23
Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust