Механик
- Стаж: от 3 лет
- Название, адрес компании: Духтурон бидуни марз (ДБМ)
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: ташкилоти тиббӣ
Механик — Кӯлоб
Духтурон бидуни марз (ДБМ) ташкилоти мустақили байналмилалии башардӯстонаи тиббӣ мебошад, ки ба шахсоне, ки аз низоъҳои мусаллаҳона, эпидемияҳо, офатҳои табиӣ ё сунъӣ зарар дидаанд ва ё хизматрасонии тиббӣ дур мондаанд, кӯмаки оҷилӣ мерасонад. ДБМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди бемории сил фаъолият намуда, дар шаҳри Кӯлоб лоиҳаи «Ба сифр расонидани бемории сил»-ро татбиқ менамояд.
Айни замон ДБМ барои лоиҳаи «Ба сифр расонидани бемории сил» дар шаҳри Кӯлоб, шахси соҳибихтисос, қобили кор ва ҳавасмандро ба вазифаи Механик ҷустуҷӯ дорад. ДБМ бастаи имтиёзҳо (25 рӯзи кории рухсатии солона, суғуртаи тиббӣ, имкониятҳои омӯзишӣ тибқи зарурат ва рушду пешрафти касбӣ) ва имконияти кор дар ташкилоти байналмилалии машҳури башардӯстонаро пешниҳод менамояд.
Ҷойи кор: шаҳри Кӯлоб, Тоҷикистон
Мақсади асосии вазифа:
Иҷрои мустақилонаи хизматрасонӣ, нигоҳдории техникӣ ва таъмиру барқарорсозии мураккаб/пешрафтаи воситаҳои нақлиёти ДБМ ва дигар муҳаррикҳо мувофиқи стандартҳо ва проседураҳои ДБМ, то ки воситаҳои нақлиёт дар ҳолати комилан коршоям қарор дошда бошанд.
Вазифаҳо ва масъулиятҳо:
• Иҷрои мустақилона ва таъмин намудани ҳамаи корҳои зарурии нигоҳдорӣ ва таъмири мураккаб/пешрафтаи воситаҳои нақлиёти ДБМ ва таҷҳизоти механикӣ, то ки онҳо барои истифода дар ҳолати комил қарор дошта бошанд. Ин, аз ҷумла, вазифаҳои зеринро дар бар мегирад:
• Мувофиқи дастурҳои дафтари қайд (logbook) иҷрои нигоҳдорӣ, таъмини сари вақт анҷом додани ҳама намуди хизматрасонӣ ба ҳамаи воситаҳои нақлиёт (масалан, mini A, medium B ва full C, инчунин хизматрасониҳои махсусе, ки дар logbook зикр шудаанд — агар лозим бошад).
• Санҷиш кардани ҳамаи воситаҳои нақлиёт баъд аз анҷоми ҳар як хизматрасонӣ ва пеш аз супоридан ба ронанда.
• Нигоҳ доштани қайди эзоҳҳо оид ба воситаҳои нақлиёт, ки аз ҷониби ронанда дарҷ гардидаанд, иҷрои таъмир дар ҳолати зарурӣ (воситаҳои нақлиёт ва дигар таҷҳизоти механикӣ) ва пур кардани дафтари хизматрасонӣ, таъмир ё logbook-и воситаи нақлиёт. Гузориш додан ба роҳбари бевосита оид ба ҳар гуна мушкилоти марбут ба воситаҳои нақлиёти ДБМ.
• Ҳангоми вайроншавӣ анҷом додани ташхис, огоҳ намудани роҳбари бевосита ва пас аз тасдиқ иҷрои таъмирҳои зарурии мураккаб/пешрафта.
• Назорат бурдани муҳлати амалнокии ҳамаи ҳуҷҷатҳо (санҷишҳои солона, суғурта ё дигар ҳуҷҷатҳои ҳатмӣ).
• Кӯмак дар гузаронидани брифинг ё омӯзонидани ронандагон вобаста ба хизматрасонӣ ва нигоҳдории воситаҳои нақлиёт.
• Идоракунии захираи маводҳои масрафӣ, пур кардани кортҳои анбор, гузаронидани инвентаризатсияи ҷисмонии захираҳо, анҷом додани фармоишҳо барои навсозии захираҳо, пешгирӣ аз камбудӣ/тамомшавии захираҳо.
• Масъул будан барои таҷҳизот ва асбобҳо, аз ҷумла оташхомӯшкунакҳо: назорат кардани истифодаи дурусту бехатар, нигоҳдорӣ ва навсозии онҳо ҳангоми зарурат ва мунтаззам нав нигоҳ доштани рӯйхати инвентарӣ.
• Тоза ва тартиб нигоҳ доштани ҷойи кор.
• Таъмин намудани он ки ҳамаи варақаҳо, дафтарҳо ва қайдҳои марбут ба нигоҳдорӣ ҳамеша пур карда мешаванд, инчунин омода намудани ҳисоботҳои зарурӣ пеш ва баъд аз ҳар таъмир ё нигоҳдории талаб кардашуда.
Талаботҳо:
Маълумот: Доштани дипломи ҳатмӣ дар соҳаи механикӣ ё ихтисоси марбут.
Таҷриба корӣ: Таҷрибаи исботшавандаи кори механикӣ (ҳадди ақал 2 сол).
Талаботи забондонӣ: Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Дониш ва малака: Шаҳодатномаи ронандагии амалкунанда барои воситаҳои нақлиёт ҳатмӣ мебошад.
Салоҳиятҳо:
• Тамаркуз ба натиҷа ва сифат L1
• Кори дастаҷамъона ва ҳамкорӣ L1
• Чандирии рафторӣ L1
• Уҳдадорӣ ба принсипҳои ДБМ L1
• Тамаркуз ба хизматрасонӣ L1
• Идоракунии стресс L2
Лутфан, шарҳи ҳол (CV) ва номаи ҳамроҳ (cover letter)-и худро ба суроғаи зерин ирсол намоед: kulob-admin-assist@oca.msf.org
(Дар сатри мавзӯъ ҳатман номи вазифаро зикр намоед: Ариза барои вазифаи Механик — Номи шумо)
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 30 январи 2026 соати 17:00
Лутфан дар назар дошта бошед, ки танҳо довталабони ба рӯйхати кӯтоҳ дохилшуда ба мусоҳиба даъват карда мешаванд. ДБМ вобаста ба сабабҳои интихоб нашудан бо довталабон мукотиба намекунад.
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust