Иқтисодчӣ
- Стаж: от 1 года
- Название, адрес компании: ориентир Мясокомбинат
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Производство
AG Management — ширкати консултатсионӣ ба гурӯҳи корхонаҳои истеҳсолӣ —
дар доираи тақвияти блоки молиявӣ-иқтисодӣ ва аудити дохили
қабули мақсадноки мутахассисони босавод, боистеъдод ва дорои тафаккури таҳлилӣ
аз шаҳри Исфара барои фаъолият дар шаҳри Душанбе эълон менамояд.
Мо ба довталабоне таваҷҷуҳ дорем, ки дорои заминаи хуби касбӣ,
тафаккури рақамӣ ва иқтидори баланди рушд мебошанд.
Қабул дар асоси интихоб (конкурс) амалӣ мегардад.
• Иқтисодчӣ
КИРО МО МЕҶӮЕМ:
• Хатмкардагон ва мутахассисони дорои дониши қавии назариявӣ
• Шахсони дорои қобилияти таҳлилӣ ва фикрронии мантиқӣ
• Довталабоне, ки бо рақамҳо ва ҳисобу китоб кор карда метавонанд
• Ҷавононе, ки ҳадафи рушд ва пешрафти касбӣ дар пойтахт доранд
ВАЗИФАҲОИ УМУМӢ:
• Таҳлили нишондиҳандаҳои молиявӣ ва иқтисодӣ
• Кор бо ҳисоботҳо, ҳисобу китоб ва ҷадвалҳо
• Омода намудани маводҳои таҳлилӣ
• Иштирок дар равандҳои молиявии самти истеҳсолӣ
• Кор зери роҳбарии мутахассисони ботаҷриба
ТАЛАБОТИ УМУМӢ:
• Маълумоти олӣ (молия, иқтисод, аудит, баҳисобгирӣ ё соҳаҳои марбут)
• Дониши хуби MS Excel ва MS Word
• Донистани забони русӣ (англисӣ — бартарият)
• Диққати баланд ба рақамҳо ва ҷузъиёти кор
• Қобилияти омӯзиш ва масъулиятшиносӣ
• Таҳлили молиявӣ ва ҳисобу китобҳо
• Кор бо нишондиҳандаҳои нақшавӣ ва воқеӣ
• Иштирок дар равандҳои тахияи буҷет
МО ЧӢ ПЕШНИҲОД МЕНАМОЕМ:
• Музди меҳнат болотар аз сатҳи бозор
• Омӯзиш ва роҳнамо (наставник)
• Дастгирӣ дар марҳилаи мутобиқшавӣ
• Имконияти воқеии рушди касбӣ ва мансабӣ
• Кор дар гурухи ширкатхои устувор ва рушдёбанда
ҶОЙИ КОР: шаҳри Душанбе
САМТ: истеҳсолот
МАЪЛУМОТИ ТАМОС:
Резюме ирсол карда шавад ба почтаи электронӣ:
n-saydulloeva@ag-group.tj
Телефон:
+992 94 031 00 01
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust