Техник оид ба бехатарӣ
КОКА КОЛА НӮШОКИҲОИ ТОҶИКИСТОН ИНТИЗОРИ ШУМОСТ!
Кока-Кола Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи мутахассисони зерин мебошад:
ТАЛАБОТИ УМУМӢ :
• Маълумоти олӣ ё миёнаи касбӣ дар соҳае, ки ба ҷойи кории холии пешниҳодшуда мувофиқ аст
• Омодагӣ ба кор дар муҳити истеҳсолӣ ва навбатдорӣ
• Диққат ба ҷузъиёти техникӣ ва риояи қоидаҳои бехатарӣ
• Мусоидат ба кори самараноки дастгоҳҳо ва равандҳо
• Афзалият дода мешавад ба шахсоне, ки таҷрибаи кор дар истеҳсолот доранд
МО ПЕШНИҲОД МЕКУНЕМ:
• Маоши рақобатпази
• Суғуртаи тиббӣ (барои коргарҳои доимӣ)
• Омӯзиш ва роҳнамоӣ аз ҷониби мутахассисон
• Имконияти рушди касбӣ дар ширкати байналмилалӣ
• Нақлиёти корпоративӣ (агар лозим бошад)
• Хӯроки нисфирӯзӣ аз ҷониби ширкат
• Як блок нӯшокиҳои ширкат барои ҳар корманд дар асоси моҳона
• Муҳити кори устувор ва имкониятҳои пешравӣ
ӮҲДАДОРИҲОИ ТЕХНИК ОИД БА БЕХАТАРӢ
• Назорат кардани риояи талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат, иҷрои корҳои профилактикӣ барои пешгирии осебҳои истеҳсолӣ ва бемориҳои касбӣ, инчунин таъмин кардани шароити бехатар ва солим дар корхона.
• Ташкил ва назорати омӯзиши шароити меҳнат дар ҷойҳои корӣ, гузаронидани ченкуниҳои омилҳои хатарнок ва зараровар, аттестатсия ва сертификатсияи ҷойҳои корӣ ва таҷҳизот мувофиқи талаботи ҳифзи меҳнат.
• Иштирок дар таҳқиқи ҳодисаҳои нохуш ва таҳияи чораҳо барои пешгирии онҳо, ташкил кардани омӯзиш, инструктаж ва санҷиши донишҳои кормандон оид ба ҳифзи меҳнат.
• Омода кардани ҳисоботҳо ва ҳуҷҷатҳо, ҳамкорӣ бо муассисаҳои тиббӣ ва ташкилотҳои илмӣ барои татбиқи тавсияҳо, инчунин назорати иҷрои дастурҳои мақомоти назоратӣ ва талаботи шартномаҳои коллективӣ.
ДАРХОСТҲОЯТОНРО МЕТАВОНЕД БА TELEGRAM ВА ПОЧТАИ ЭЛЕКТРОНИИ МО ФИРИСТЕД :
Почтаи электронии мо: cv@cci.com.tj
Telegram: @CCI_TJ
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust