Нозири мувофиқа
- Стаж: от 1 года
- Название, адрес компании: МКФ "Фонд рефинансирования"
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: микрокредитная организация
ЭЪЛОН ДАР БОРАИ ҶОИ КОРИ ХОЛИ
Фонд ҷойҳои холии зеринро эълон мекунад: Нозири мувофиқа (Комплаенс)
Дар бораи кор:
Ба ӯҳдадориҳои Нозири мувофиқаи Шӯъбаи идоракунии хавфҳои Фонд дохил шуда, амали намудани назорати дохилии мутобиқати фаъолияти Фонд ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин қоидаҳо ва расмиёти дохилии Фонд. Ҷузъи дигари муҳими Нозири мувофиқа мониторинги молиявӣ мебошад.
Ӯҳдадории вазифавӣ: Нозири мувофиқа дар фаъолияти худ вазифадор аст:
санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ, сиёсати идоракунии хавфҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилии Фондро, ки фаъолияти Фондро танзим мекунанд, риоя намояд;
талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои дохилии Фондро риоя намояд;
муайян ва таҳлили хавфҳои комплаенс;
талаботи МҚД/МТ/МПСҚО, аз ҷумла таҳлил ва тафтиши амалиёти шубҳанокро риоя намояд;
ташкили таълим барои кормандони Фонд оид ба масъалаҳои МҚД/МТ/МПСҚО;
оид ба муомилоти шубҳанок ва амалиёти назорати ҳатмӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот таҳия ва ирсол намуда, баҳисобгирии онҳоро пеш мебарад;
махфӣ будани маълумотро таъмин намуда, ба кормандон оид ба масъалаҳои ошкор накардан маслиҳат диҳад;
бо мақомоти ваколатдор, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти салоҳиятдор ҳамкорӣ намояд;
назорат кардани тағйирот дар соҳаи МҚД/МТ/МПСҚО ва пешниҳодҳо оид ба такмили системаи назорати дохилӣ;
натиҷаҳои санҷиш ва таҳлилро ба Раёсати Фонд ва дар мавриди зарурӣ ба Шўрои парасторон пешниҳод намояд.
Талаботҳо нисбат ба Нозири мувофиқа (комплаенс):
доштани маълумоти олӣ дар соҳаи тиҷорат/молия/иқтисод/аудит;
таҷриба дар ташкилотҳои қарзӣ қобили қабул аст;
донистани қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;
фаҳмиши принсипҳои Нозири мувофиқа ва идоракунии хавфҳои комплаенс;
донистани талаботҳо дар соҳаи МҚД/МТ/МПСҚО;
доштани малакаҳои муоширати байнишахсӣ, шифоҳӣ ва хаттӣ;
истифодабарии барномаҳои MS Office (Word, Excel, PowerPoint);
ба стресс тобовар, қобилияти самаранок кор кардан аз рӯи якчанд вазифаҳо дар як вақт ва анҷом додани кор дар мӯҳлатҳои муқарраршуда;
забони тоҷикӣ озодона, донистани забони русӣ бартари дода мешавад;
шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Номзад бояд варақаҳои дархости худро ба суроғаи ш. Душанбе кучаи Истаравшан 18 ё ба почтаи электронии office@rfund.tj фиристад:
Телефонҳо барои маълумот: (+992) 433777770
Муҳлати пешниҳоди дархостҳои номзадҳо то 26 январи соли 2026 мебошад.
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust