Ёвар оид ба пеш бурдани фаъолиятҳои тандурустӣ

Вахдат
Опубликовано: Сегодня 02:21 Номер объявления: 15011948
  • Стаж: от 3 лет
  • Название, адрес компании: ул. Г. Завкибекова 34/3
  • График: Совмещение
  • Сфера деятельности компании: Медицинский осмотр
Локация: Вахдат

Ёвар оид ба пеш бурдани фаъолиятҳои тандурустӣ

Мӯҳлати пешкаши дархост: то 18 декабри 2025 сол.

Маълумоти касбӣ: Маълумоти миёнаи тиббӣ. На кам аз 3 сол таҷрибаи корӣ аз рӯи ихтисос.

Макони ҷойгиршавӣ: шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат

Навъи шартнома: Шартнома барои пешкаши хизматрасонии муваққатӣ.

Шартҳои кор: 10 январ – 10 марти соли 2026

Good Neighbors созмони ғайритиҷоратии байналмилалӣ оид ба рушди башардӯстона буда, соли 1991 дар Корея Ҷанубӣ таъсис ёфтааст. Good Neighbors дар 50 кишвари ҷаҳон фаъолият менамояд ва барои рушди ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва ҳавасмандгардонии эътимоднокии ҷомеа сару кор дорад. Созмони Good Neighbors (GNT) дар ҶТ аз соли 1998 фаъолият намуда, барои беҳтар кардани зиндагии мардум, махсусан кӯдакон тавассути омӯзиш, рушди ҷомеа ва ҳамчунин лоиҳаҳои кӯмаки башардустона фаъолият менамояд. Good Neighbors (GNT) дар ҶТ бо ҷонибҳои асосии манфиатдор, аз қабили Вазорати маориф, Вазорати тандурустӣ, Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, Кумитаи кор бо занон, мақомоти маҳаллӣ, ташкилотҳои байналмиллалии рушд, СММ ва оҷонсиҳои донорӣ аз қабили Иттиҳоди Авруппо, GIZ, UNICEF, WFP, SCO ва ғайраҳо ба тариқи пайваст кардани ҷамоатҳои камбизоат ва осебпазир ба таҳсилоти босифат, тандурустӣ, таъмини об ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ- санитарӣ фаъолият менамояд.

Good Neighbors барои он вуҷуд дорад, ки ҷаҳонро ба макони бегуруснагӣ табдил диҳад, дар он ҷое ки мардум бо ҳам мувофик зиндагӣ мекунанд. Good Neighbors ба ҳуқуқҳои инсонии осебпазиртарин новобаста аз синну сол, ҷинс, фарҳанг, мансубияти этникӣ, маъюбӣ ва эътиқод эҳтиром мегузорад ва ба онҳо кӯмак мекунад, ки дар шароити мустақилона зиндагӣ кунанд.

Дар мувофиқа бо ҳадафҳои мо, Good Neighbor боварӣ дорад, ки ҳама ҳуқуқҳои инсонии одамон бояд эҳтиром карда шаванд. Мо дарк мекунем ва вазифадорем, ки ҳуқуқҳои онҳоро ҳифз кунем ва ҳама гуна зиёнро пешгирӣ намоем. Аз ин рӯ, Good Neighbors нисбат ба ҳама гуна амале, ки боиси зарари ҷисмонӣ, ҷинсӣ, равонӣ, зӯроварӣ, истисмор ва зӯроварии эмотсионалӣ мегардад, махсусан барои кӯдакон (ҳар шахси зери синни 18-сола), занон ва калонсолони осебпазир таҳаммулнопазир аст.

Ҳифз ва муҳофизат аз истисмор ва сӯиистифодаи ҷинсӣ (PSEA) масъулияти муштараки ҳама ба ҳисоб меравад ва аз тамоми кормандон ва шарикони GN талаб карда мешавад, ки Кодекси рафтори GN-ро ҳам дар вақти корӣ ва ҳам берун аз он риоя намоянд. Шинос шудан бо ва риояи Сиёсати ҳифзи кӯдакон ва калонсолон ва Кодекси рафтори GN оид ба ҳифзи бехатарӣ, илова бар омӯзиши ҳатмӣ, як талаботи муҳим нисбати тамоми кормандон ва шарикони ташкилот ба ҳисоб меравад . Ҳама кормандон ва шарикон бояд боварӣ ҳосил намоянд, ки онҳо банди мазкурро пурра дарк намудаанд ва мувофики он амал мекунанд, лутфан ба https://www.goodneighbors.org/who/account нигаред.

Good Neighbors дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти байналмилалии хайриявӣ буда, фаъолияти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаш Лоиҳои Рушди Ҷомеа (ЛРҶ) дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва беҳдошт, баланд бардоштани некуаҳволӣ ва рушди ҷомеа, ҳифзи кӯдак ва дигар соҳаҳо пеш бурда мешавад.

Фаъолиятҳои ташкилот дар доираи Тафоҳумномаи ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тафоҳумномаи ҳамкорӣ бо, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, пеш бурда мешавад.

Дар доираи фаъолияти худ, ташкилот тасмим гирифтааст, ки ташхиси ҳамасолаи тиббии кӯдакони сарпарастро, бо мақсади муайян намудани вазъи саломатии онҳо гузаронад. Ташкилот мутахассиси баландихтисосро барои пеш бурдани фаъолиятҳои шуъбаи тандурустӣ ба кор қабул мекунад.

Вазифаҳои асосӣ:

• Ташкил ва гузаронидани ташхиси тиббии кӯдакони сарпарастшавандаи ташкилот, тибқи реҷаи муайяншуда;

• Таъмин намудани иштироки кӯдакони сарпарастшаванда барои гузаштан аз ташхиси тиббӣ;

• Тартиб додани ҳисобот ва ба низом овардании ҳуҷҷатгузории муқарраршудаи фаъолиятҳои шуъбаи тандурустӣ. Омода намудани ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолиятҳои пешбурда;

• Таҳлили натиҷаҳои ташхиси тиббии кӯдакони сарпарастшаванда аз рӯи рӯйхатҳои кӯдакон баъди ташхис;

• Ворид намудани базаи маълумот дар компютер.

Талаботҳои асосии хизматӣ

1. Маълумоти миёнаи тиббӣ. Шаҳодатномаи хатми курсҳои ихтисосӣ ба монанди тибби оилавӣ;

2. Таҷрибаи корӣ на камтар аз панҷ сол аз рӯи ихтисосҳои дар боло зикршуда;

3. Дорои малакаҳои роҳбарикунанда;

4. Қобилияти хуби муошират бо шарикони барнома, баҳрабарандагон, волидайн, коркунони барнома;

5. Дониши хуби забонҳои тоҷикӣ , ӯзбекӣ. Донистани забони англисӣ ба назар гирифта мешавад;

6. Дониши хуби истифодаи компютер: MS Word, MS Excel, MS Power Point;

7. Саҳеҳӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ ва риояи ҳатмии реҷаи кории муқарраршуда.

Нафарони хоҳишманд метавонанд хулосаи таҷрибаи кории худро ба дафтари кории дар шаҳри Душанбе будаи Филиали ташкилоти ғайритиҷоратии байналмилалии башардӯстонаи Good Neighbors дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба суроғаи зерин: шаҳри Душанбе, кӯчаи Гурминҷ Завқибеков 34/3 пешниҳод намоянд.

Намунаи холии ин ҳуҷҷат дар дафтари корӣ ба хоҳишмандон пешниҳод хоҳад гашт.

Ҳуҷҷатҳо баъди санаи дар боло зикр шуда қабул карда намешаванд.

Пешкаши тавсияномаҳо ҷолиби диққат мебошад.

Пешниҳодҳо то санаи дар болои эълон муайяншуда ба суроғаи электронии зикршуда, равон карда шаванд: gnt.humanresources@gmail.com ва arina.nam@goodneighbors.com

Похожие объявления

  • Фармацевт
    Ба кор мегирем Фармацевт дар Дорухонаи Ромашка Дар Ш Вахдат станция Центруш
    Ромашка, 14.11.2025 18:28, Вахдат
    Вакансии » Медицина, фармация
  • Фармацевт
    Фармацевт лозим
    М В, 25.10.2025 22:11, Вахдат
    Вакансии » Медицина, фармация
  • Фармацевт ш.Вахдат
    Салом ба командаи мо фармацевт лозим. Босавод, тезкор, тозакор, донистани состав ва фоидаи дорухо хатмист. Агар касбатонро дуст доред ва оянда худатонро фармацевти оли дидан хохед Пас мо шуморо интизорем. Хонда баьд занг занед
    ака, 12.11.2025 18:32, Вахдат
    Вакансии » Медицина, фармация
  • Врач УЗИ-Эхокардиография, Узи общ
    Кор дар Маркази Саломатии ш. Вахдат лозим аст. Танхо барои то 50 сола лозим аст. Собикаи кори на кам аз 2-сол дар хамин соха. Шароити мусоид ва мувофик. Речаи кори аз соати 8-30 то соати 16-00.
    Доктор, 20.10.2025 20:28, Вахдат
    Вакансии » Медицина, фармация


  • Договорная
    Good Neighbors Tajikistan

    На сайте с апр, 2024

    Другие объявления автора
    Поделиться
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Pass document verification
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Сохраняйте избранные поиски!
    Нажмите кнопку "Сохранить поиск" на странице поисковой выдачи
    Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
    Добавляйте объявления в избранное
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust