Сардори мудирияти муносибатҳои байналхалқӣ ва хазинадорӣ
- Стаж: от 3 лет
- Название, адрес компании: ҶДММ ТАҚХ "Пайванд Гуруҳ"
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Фаъолияти бонкӣ
ҶДММ ТАҚХ "Пайванд Гуруҳ" барои вазифаи «Сардори мудирияти муносибатҳои байналхалқӣ ва хазинадорӣ» озмун эълон менамояд.
Ҷойи кор: шаҳри Душанбе
Навъи шартнома: доимӣ (бо муҳлати санҷишӣ)
Музди меҳнат: шартномавӣ
ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ:
• Рушди стратегияи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо шарикон.
• Назорат ва идоракунии ҷараёни пулӣ ва хазинадории ташкилот.
• Таъмини иҷрои стандартҳои ҳисобдорӣ ва гузоришдиҳӣ.
• Пешниҳод намудани ҳисоботҳо ба БМТ.
• Таъмини ҳамоҳангии равандҳои молиявӣ бо мақсадҳои ташкилот.
• Омодасозии гузоришҳои молиявӣ ва хазинадорӣ барои роҳбарияти Ташкилот.
Мақсад:
Сардор масъул аст, барои рушди муносибатҳои байналхалқӣ, идораи равобити молиявӣ ва хазинадории ташкилот, ҳамоҳангсозии фаъолият бо шарикони хориҷӣ ва назорати самаранокии равандҳои хазинадорӣ.
Талаботҳои тахассусӣ
1. Маълумот ва таҳсил:
- Маълумоти олӣ дар соҳаи молия, иқтисод, муносибатҳои байналмилалӣ ё идоракунии тиҷорат.
- Диплом ва сертификатҳои иловагӣ дар идоракунии молиявӣ, хазинадорӣ ё муносибатҳои байналмилалӣ бартарӣ доранд.
2. Таҳсилоти амалӣ ва таҷриба:
- Таҷрибаи корӣ ҳадди ақал 3 сол дар бахшҳои молия, бонкӣ, хазинадорӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ.
- Таҷрибаи кор дар ҳамоҳангсозии равобити байналмилалӣ ва музокирот бо шарикони хориҷӣ.
- Маълумот ва таҷриба дар назорат ва идоракунии маблағҳои корпоративӣ ва лоиҳаҳои молиявӣ.
3. Маҳорат ва малакаҳои касбӣ:
- таҳлили молиявӣ ва тайёр кардани ҳисоботҳои хазинадорӣ.
- идоракунии ҷараёни пулӣ ва хазина.
- Доир ба қонунгузории молиявӣ ва ҳисобдорӣ.
- музокирот ва рушди ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ.
- идоракунии шуъба ва ташкил кардани равандҳои хазинадорӣ.
4. Забонҳо:
- Забони давлатӣ (тоҷикӣ) – ҳатмӣ.
- Забони рӯсӣ, англисӣ ва дигар забонҳо (фаронсавӣ, чинӣ ва ғайра) бартарӣ доранд.
5. Хусусиятҳои шахсӣ:
- Салоҳият ва масъулиятпазирӣ.
- Маҳорат дар қабули қарорҳои стратегӣ.
- Сатҳи баланд дар кор бо маълумот ва таҳлил.
- Маҳорат дар идоракунии стресс ва вазъиятҳои мураккаб.
МУҲЛАТИ ҚАБУЛ:
Ҳуҷҷатҳо то санаи 25.11. 2025 сол, дар суроғаи зерин қабул карда мешаванд:
ш. Душанбе, кӯчаи А.Сино, ҶДММ ТАҚХ "Пайванд Гуруҳ", шуъбаи кормандон.
Почтаи электронӣ барои ирсоли ҳуҷҷатҳо: hr@payvand.tj
Телефон барои маълумот: (+992) 981110690
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust