Хазинадори сайёри минтақaи марказӣ
- Стаж: Любой
- Название, адрес компании: к. Ҷаббор Расулов 9
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Кори бонкӣ
Ӯҳдадориҳои асосӣ:
• Ба мизоҷони ТАҚХ «ФИНКА» бо эҳтиром ва самимона хизматрасониҳои босифатро фароҳам меорад;
• Ҳангоми дубора шумурдани воситаҳои пулӣ бодиққатӣ ва покизакориро зоҳир намуда, дар вақти гирифтан ва ё таҳвили маблағҳои пулӣ ба хатогӣ роҳ намедиҳад;
• Шарту шароитҳои қарздиҳӣ ва сиёсату тартиботҳои ширкатро ба мизоҷони наву такрорӣ фаҳмонида медиҳад;
• Ҳангоми таҳвили воситаҳои пулӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсро тафтиш менамояд;
• Пеш аз қабул кардан ё таҳвили пул дуруст пур карда шудани ҳуҷҷатҳои хазинавиро тафтиш мекунад ва мавҷуд будани ҳама имзоҳои заруриро санҷида мебарояд;
• Дар ҳолати ба зиммаи хазинадор вогузошта шудани ӯҳдадориҳои «ифтитоҳдиҳанда» («инаугуратор») – ӯ ба мизоҷон муқаррароти шартномаи қарзиро баён менамояд ва ба онҳо ҷадвали пардохти қарз, муҷозотҳои ҷаримавӣ ва ӯҳдадориҳояшонро фаҳмонида медиҳад.
• Воситаҳои пулии қабулшуда ва таҳвилшударо дар китобҳои хазинавии марбута сабт менамояд;
• Мутобиқи зарурати истеҳсолӣ, номзад бояд омодаи сафарҳои хизматӣ барои ивази хазинадорони муваққатан ғоиб (Турсунзода, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Хисор, Душанбе) бошад.
Ихтисоси матлуб:
• Таҳсилоти олӣ / миёнаи махсус аз рӯи тахассуси муҳосиб / иқтисодчӣ/ мутахассиси молиявӣ;
• Мавҷудияти Шаҳодатнома (сертификат) барои иҷрои амалиётҳои мубодилавӣ;
• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
• Саводнокии устувори компютерӣ;
• Покизакорӣ ва масъулиятнокӣ;
• Омода будан ба сафарҳои мунтазам ба минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (75% вақти корӣ);
• Ҳусни муошират.
________________________________________
Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.
________________________________________ Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 06 октябри соли 2025 ба суроғаи н. Ёвон, к. М. Турсунзода 57, идораи ФТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот: (+992) 93 514 80 54
ҶДММ ТАҚХ ФИНКА тарафдори фароҳам овардани имкониятҳои баробари касбӣ барои мардон ва занон аст, аз ин рӯ мо ҳамаи занони соҳибихтисосро даъват менамоем, ки дар ин озмун фаъолона ширкат варзанд.
Барои таваҷҷуҳатон ба ташкилоти мо ташаккур изҳор менамоем!
Похожие объявления





Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust