Муҳосиби пешбар ш.Кӯлоб
- Стаж: от 1 года
- Название, адрес компании: ҶДММ ТАҚҲ "Матин"
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Соҳаи молиявӣ
Муҳосиби пешбар, ш. Кӯлоб
Ӯҳдадориҳои асосӣ:
• Гузаронидани назорати ҷории ҳолатҳои зерин:
- дуруст тартиб дода шудани ҳуҷҷатҳои асосии баҳисобгирии дохилӣ, китобҳои хазинавӣ, ордерҳои мемориалӣ (ҳуҷҷатҳои дигар), инъикоси амалиётҳои гузаронидашаванда аз рӯи хизматрасонӣ ва тартиб додани ҳисоботи дохилӣ;
- мувофиқатии шартномаҳои басташаванда байни Ҷамъият ва муштариён ба талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ–ҳуқуқии БМТ, инчунин ҳуҷҷатҳои дохилӣ; ,
- риояи тартибот ва мӯҳлати гузаронидани амалиётҳо дар барномаи бонкӣ;
- инъикоси саривақтии амалиётҳо оиди шартномаи қарзӣ, пайгирии иҷроиши ҷадвали пардохти қарзи асосии муштарӣ, пардохти фоизҳо, комиссия ва ҷаримаҳо ва ғ;
Талаботи асосӣ оид ба донистани:
• Қонунгузории бонкӣ ва маблағгузории хурд, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;
• Қарорҳо, супоришхо, фармонҳо, дастурҳо ва дигар санадҳои меъёрии мақомоти болоӣ ва идораҳои дигар, марбут ба ташкили баҳисобгирии муҳосибавӣ ва тартиб додани ҳисобот;
• Нақша ва мукотиботи ҳисобҳо;
• Ташкили ҳуҷҷатгузории соҳаҳои баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ғ.
Хавасмандон метавонанд анкетаи худро (CV ё резюме) ба почтаи электронии info@matin.tj равон намоянд.
Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ мебошанд, ба озмун даъват карда мешаванд.
Телефон барои маълумот: 92-766-12-61 (аз соати 8:00 то 17:00)
Похожие объявления






Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust