Оператор Погрузчика
3) Ширкати куҳӣ ба ҳайати худ ронандаи погрузчик (мехлапата) даъват мекунад!
Дар доираи иҷрои лоиҳаи истихроҷи маъдан дар ноҳияи Сангвори Боло (Тавилдара) ширкат ба кор қабул менамояд:
Вакансия: Ронандаи погрузчик (мехлапата)
Мо дар ҷустуҷӯи мутахассисони дорои таҷрибаи корӣ бо техникаи борбардор ҳастем, ки интизом ва меъёрҳои бехатарии истеҳсолиро ба таври қатъӣ риоя менамоянд.
Вазифаҳои асосӣ:
• Идоракунии погрузчик (мехлапата) барои боркунӣ ва холисозии мавод;
• Гузаронидани корҳои кӯмакрасон дар анбор ва майдони истеҳсолӣ;
• Назорат ва нигоҳдории мунтазами ҳолати техникии воситаи нақлиёт;
• Пешгирии садамаҳо ва хабар додани фаврӣ дар ҳолати ошкор шудани нуқсонҳо;
• Пур кардани ҳуҷҷатҳои зарурии техникиву истеҳсолӣ;
• Риояи ҳамаи талаботи қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва тартиботи дохилӣ.
Талабот ба номзад:
• Шаҳодатнома ва ҳуқуқи амалкунандаи идоракунии погрузчик;
• Таҷрибаи на камтар аз 2 сол бо техникаи борбардор (мехлапата);
• Дониши ибтидоӣ оид ба таъмиру хизматрасонии техникӣ;
• Масъулиятшиносӣ, интизом ва малакаи кори дастаҷамъона;
• Қобилияти ҳамкорӣ ва муносибати хуб бо дигарон.
Шартҳои кор ва имтиёзҳо:
• Нақлиёти хизматӣ аз Душанбе то минтақаи фаъолият ва баргашт;
• Хӯроки ройгони севақта;
• Ҷойи зисти муносиб бо шароити санитарӣ ва гигиенӣ;
• Таъмини либоси махсус ва воситаҳои муҳофизати шахсӣ аз ҷониби ширкат;
• Қабули расмӣ ба кор тибқи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамаи кафолатҳои иҷтимоӣ.
📞 Барои маълумоти иловагӣ бо мо дар тамос шавед!
+992970224242 Ватсап
+992111502221 Ватсап


Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust