Ронандаи экскаватор
Ширкат дар соҳаи истихроҷи маъдан барои иҷрои лоиҳаи калони истихроҷи маъдан дар ноҳияи Сангвори Боло (ноҳияи Тавилдара) Мошинисти таҷрибадори экскаваторро ба кор даъват менамояд.
Ширкат ронандагони ботаҷриба ва масъулиятшиноси экскаватор, ки таҷрибаи кофӣ дар шароити конӣ доранд ва қоидаҳои бехатарии истеҳсолиро қатъиян риоя мекунанд, ба ҳамкорӣ даъват менамояд. Муҳлати вахта, таъминоти иҷтимоӣ ва шароити расмии кор пурра мутобиқ ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи ширкат кафолат дода мешаванд.
Вазифаҳои асосӣ:
1. Идора ва истифодаи экскаватор барои истихроҷ, кофтуков ва борбардории маводи кӯҳӣ ва истеҳсолӣ;
2. Иҷрои корҳои заминканӣ ва тайёркунӣ тибқи нақша ва супоришҳои техникӣ;
3. Назорати мунтазами ҳолати техникии техника – муҳаррик, системаҳои гидравликӣ, зери шасси, равғанҳо ва ғ.;
4. Огоҳсозии саривақтии механик ва масъули техникии ширкат дар ҳолати мушоҳидаи нуқсон ё садамаҳои эҳтимолӣ;
5. Сабт ва гузаронидани ҳуҷҷатгузории лозима (варақаи роҳ, журналҳои техникӣ, ҳисоботҳо);
6. Риояи қатъии талаботи қоидаҳои ҳифзи меҳнат, қоидаҳои техникии бехатарӣ ва тартиботи дохилии ширкат.
Талабот ба номзад:
1. Шаҳодатномаи амалкунандаи мошинисти экскаватор (бо таъйини навъи техника);
2. Таҷрибаи кори на камтар аз 2 сол бо техникаи вазнин (экскаваторҳои гусеницавӣ);
3. Дониши техникии ибтидоӣ дар соҳаи таъмиру нигоҳдории экскаватор;
4. Сатҳи баланди масъулиятшиносӣ, интизом, қобилияти кор дар муҳити истеҳсолӣ;
5. Қобилияти ҳамкорӣ ва иртиботи хуб бо дигар кормандон ва риояи интизоми меҳнатӣ.
Шартҳои кор ва кафолатҳо:
1. Нақлиёти хизматӣ аз шаҳри Душанбе то минтақаи фаъолият ва баргашт;
2. Таъмини ройгони хӯроки севақта;
3. Ҷойи зисти ройгон бо шароити муносиб, санитарӣ ва гигиенӣ;
4. Либоси махсус ва воситаҳои ҳифзи шахсӣ аз ҷониби ширкат таъмин карда мешаванд;
5. Қабул ба кор тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо тамоми кафолатҳои иҷтимоӣ ва расмӣ.
Барои маълумоти бештар дар тамос шавед.
Похожие объявления




Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust