Ронандаи мошини боркаши Shacman
Ширкати аврупоӣ дар соҳаи истихроҷи маъдан барои иҷрои лоиҳаи калони истихроҷи маъдан дар ноҳияи Сангвори Боло (ноҳияи Тавилдара) ронандагони таҷрибадори самосвали Shacman бо таҷрибаи корӣ дар шароити конӣ ва риояи қатъии меъёрҳои бехатарӣ ба кор даъват менамояд. Муҳлати вахта, шароити расмию иҷтимоӣ ва ҳамаи таъминоти зарурӣ барои фаъолияти самаранок ва бехатар кафолат дода мешаванд.
Вазифаҳои асосӣ
1. Рондани самосвали тамғаи Shacman тибқи супоришҳои истеҳсолӣ (боркашонӣ ва интиқоли моддаҳои конӣ ва ғайра).
2. Таъмини ҳаракати бехатар дар роҳҳои конӣ, риояи меъёрҳои дохилии ширкат ва талаботҳои ҳифзи меҳнат.
3. Санҷиши рӯзмарраи техникӣ ва нигоҳдории оддӣ (назари визуалӣ ба сатҳи моеъҳо, ҳолати шинаҳо, равшанӣ ва ғайра); огоҳкунии саривақтӣ ба механик дар мавриди носозии эҳтимолӣ.
4. Риояи ҳуҷҷатгузорӣ: варақаҳои роҳ, журналҳои бақайдгирии вазъи техникӣ, ҳисоботи масофаи тайшуда ва рейсҳо мувофиқи тартиботи дохилии ширкат.
5. Муошират бо диспетчер/сардори майдон барои дарёфти супоришҳо ва ҳамоҳангсозии кор.
6. Риояи низоми дохилии меҳнат, интизом ва талаботҳои амниятӣ.
Талабот ба номзад
1. Доштани шаҳодатномаи ронандагӣ.
2. Таҷрибаи кор ҳамчун ронандаи нақлиёти боркаш (аз ҷумла таҷрибаи рондани техникаи конӣ ё техникалии калонҳаҷм) на камтар аз 3 сол.
3. Маълумот оид ба истифода ва нигоҳдории техникаи боркаш; қобилияти анҷоми санҷиши беруна ва ташхиси асосии садамаҳо.
4. Донистанӣ риояи қоидаҳои роҳ, талаботҳои ҳифзи меҳнат ва бехатарӣ, меъёрҳои дохилии ширкат.
5. Масъулият, диққат, қобилияти кор дар даста ва мустақилона ҳангоми иҷрои супориш.
Шартҳои кор ва кафолатҳои иҷтимоӣ
1. Усули вахатавӣ.
2. Транспорт: интиқоли ройгони кормандон аз Душанбе то кони «Сангвори Боло» ва баргашт мувофиқи нақшаи вахатавӣ.
3. Таъмини ройгони хӯроки се вақта дар рӯз.
4. Ҷои зисти ройгон дар давоми давраи вахта, бо шароити муносиб ва бехатар.
5. Таъмин бо либоси корӣ ва воситаҳои ҳифзи шахсӣ мувофиқи меъёрҳои ҳифзи меҳнат.
6. Ба кор қабулкунӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мӯҳлати қабул: то санаи 15 июни соли 2025.
Барои маълумоти иловагӣ бо мо тамос гиред!
Похожие объявления




Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust