Мутахассиси бехатарӣ ва хифзи меҳнат/Координатори омӯзиш
- Стаж: от 3 лет
- Название, адрес компании: ш. Душанбе, к. Пушкин 10
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Бонк
Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон ҷои кори холии вазифаи Мутахассисиси бехатарӣ ва хифзи меҳнат/Ҳамоҳангсозии омӯзиш барои Саридора эълон менамояд.
Мутахассиси мазкур барои амалӣ ва идоракунии барномаҳои бехатарӣ ва ташаббусҳои омӯзишӣ дар дохили бонк масъул аст. Ин нақш дар пешбурди муҳити бехатари корӣ, таъмини риояи қоидаҳои бехатарӣ ва баланд бардоштани огоҳии кормандон дар бораи саломатӣ ва некӯаҳволӣ нақши муҳим мебозад. Ҳамоҳангсоз маводи таълимӣ таҳия мекунад, ба ҷаласаҳои омӯзиши бехатарӣ мусоидат мекунад ва рушди ташаббусҳои саломатӣ ва некӯаҳволиро дастгирӣ мекунад.
Талаботҳо:
• Дорандаи дараҷаи бакалавр дар соҳаи дахлдор. Доранди дараҷаи бехатарии меҳнат, идоракунии хавфҳо ё ягон соҳаи дахлдор бартарият дорад.
• Таҷрибаи на камтар аз 3 сол дар идоракунии бехатарӣ ё ҳамоҳангсозии омӯзиш, беҳтараш дар бахши бонкӣ ё хидматрасонии молиявӣ.
Малакаҳо:
• Дониши қавии қоидаҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ оид ба саломатӣ ва бехатарӣ.
• Маҳорати аълои муаррифӣ ва муошират, ҳам хаттӣ ва ҳам шифоҳӣ.
• Дар таҳияи маводи таълимӣ ва гузаронидани ҷаласаҳои омӯзишии ҷолиб.
• Маҳорати қавии ташкилӣ ва ҳисоботдиҳӣ бо қобилияти таҳлил.
• Қобилияти таҳлили маълумот ва омода кардани ҳисоботи муфассал.
• Муносибати фаъол ба ҳалли мушкилот ва идоракунии хавф.
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба суроғаи электронии hr@icb.tj на дертар аз 15 апрели соли 2025 ирсол намоянд.
Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгу ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Похожие объявления












Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust