Корманди қарзӣ
- Стаж: Любой
- Название, адрес компании: ТАКХ "Фуруз" дар н.Восеъ
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Ташкилоти Амонатии Карзии Хурд
Ташкилоти қарзии хурди Фуруз фаъолияти худро соли 1999 дар доираи барномаи «Рушди соҳибкории хурд»-и Ташкилоти хайриявии Миллениум оғоз кардааст. Баъдан соли 2006 пас аз гирифтани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, Фуруз худро хамчун Ташкилоти қарзии хурд ба қайд гирифтааст. Соли 2022 бо Қарори Раёсати Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди Фуруз соҳиби Иҷозатнома (лицензия) барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ гардид.
Муассисони ташкилот шаҳрвандони Сингапур, Олмон, Швейтсария ва ИМА мебошанд. Саридораи Ташкилот дар ш.Бохтар буда, айни ҳол марказҳои хизматрасонии мо дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Бохтар ва дар ноҳияҳои Кушониён, Ҷ.Балхӣ, Шаҳритус, Ҳамадонӣ ва Рудакӣ фаъолият доранд.
Вазифаи кор:
• Ҷалб намудани қарзгирони эхтимолӣ, гузаронидани таҳлили пардохтпазирии мизоҷон ва назорат аз болои қарзгирон то пардохти пурраи қарз;
• Маслиҳатдиҳӣ ба соҳибкорон доир ба тиҷоратҳои хурду миёна;
• Тақсимоти қарзхо барои тараққии тиҷоратҳои хурду миёна;
Талабот:
• Маълумоти миёна (ё олӣ);
• Тасавурот доштан оиди ягон намуди соҳибкорӣ;
• Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ;
• Қобилияти робитасозӣ ва муошират;
• Тавонистан кор бо компютер (Excel, Word).
Довталабони ҳавасманд метавонанд анкетаи худро ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.
Телефон барои маълумот: 988-35-08-48; 988 22 02 91;
Танҳо номзадҳое,ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ мебошанд, ба суҳбат даъват карда мешаванд.
Похожие объявления






Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust